Боғчаи валангори Офтоблиқо ва умеди сокинон аз Давлаталӣ Саид
Дар тарафи шимолу шарқии Кӯлоб деҳаест бо номи Офтоблиқо. Он 3356 нафар нуфус дорад, ки аз он 600 нафарашон кӯдакони аз як то шашсолаанд…
Шаст сол пеш ин хурдсолон боғча доштанд. Бинои дуошёнаи иборат аз 18 утоқ ва анбору гаражу дигар иншооти ёрирасон. 120 нафар кӯдакон дар он ба тарбия фаро гирифта шуда буданд.
Пештар бинои боғча ба идораи «Межколхозстрой» тааллуқ доштааст. Зиёдтар аз 30 сол боғча арзи ҳастӣ карду чӣ шуду чӣ монд, ки аз фаъолият бозмонд. Аз дасти сарпарасташ колхоз — кооперативи ба номи Алии Ҳамадонӣ ҷамоати деҳоти Зиракӣ, то раисони ивазшавандаи шаҳри Кӯлоб дигар тадбирею чорае наомад. Бинои як вақтҳо ободу зебо дар давоми 32 соли охир ба як вайронаи бесоҳибу валангор табдил ёфт. Арзу доди мардуми деҳа ба гӯши раисони кооперативу ҷамоату шаҳр ҳеҷ кора намекарданд.
Оид ба ин проблема ду сол пеш рӯзномаҳои «Садои мардум», «Омӯзгор», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва вилоятии «Хатлон» бонги изтироб заданд. Вале аз се ниҳоди дар боло зикршуда вокунише наомад. Яъне масъулон ба фармони маълуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери рақами 622 беэътиноӣ карданд.
Сокинони деҳаи Офтоблиқо аз мақомоти маҳаллӣ ноумед шуда, феълан умедашон ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аст. Шояд раиси вилоят барои таъмиру бозсозии боғча мусоидат намояд ва кӯдакони деҳаи Офтоблиқо соҳиби боғчаву 25-30 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд…
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ