Боғи Садбарг. Чаро ҳавои он сардтар аз ҳавои Душанбест?

Имсол расонаҳои ҷаҳон аз гармшавии бесобиқаи ҳаво бонги изтироб мезананд. Гармои шадид ҳатто сабаби марги шумораи зиёди одамон шудааст. Масалан, дар мавсими ҳаҷи фарзии имсола дар Арабистони Саудӣ қариб 1500 нафар ҷони худро аз даст доданд…

Махсусан, дар Аврупо ҳарорати ҳаво бесобиқа баланд шуда, кишварҳои минатақаро сахт ба ташвиш овардааст. Гармои шадид сабаби он шудааст, ки кишварҳои аграрии Аврупо зарари ҷиддӣ мебинанд. Ҳоло ин мавзуъ дар парлумони тозаинтихоби Аврупо назар ба мавзуҳои сиёсӣ, монанди ҷанг дар Украинаю навори Ғазза, муҳимтар арзёбӣ мешавад.

Дар кишвари мо низ таъсири ин гармшавиҳо дида мешавад (ҳарчанд то дараҷи рекордӣ ҳанӯз дур аст). Ҳарчанд пойтахти кишвар — шаҳри сарсабзи Душанбе нисбат ба дигар минтақаҳои ҷанубӣ салқинтар аст, аммо онҳое, ки аз қисмати шимоли Тоҷикистон ва сайёҳоне, ки аз қисматҳои нисбатан сарди олам ба ин ҷо меоянд, онро гарм меҳисобанд. Гармои имсола дар пойтахт, ба мушоҳидаи нависандаи ин сатрҳо, ки дар қисмати сояи айвони худ ҳароратсанҷ гузоштааст, то ба 41 дараҷа расида буд ва ин ҳам қабл аз боронҳои чанд рӯзи охир. Аммо ҳоло пас аз “танаффуси” якҳафтаина боз ҳарорати ҳаво дар шаҳри мо ба оҳистагӣ баланд шуда истодааст ва интизор меравад, ки дар ҳафтаи оянда то ҳадди 40 ва ҳатто аз ин болотар равад.

Аммо дар пойтахт минтақаҳое низ ҳастанд, ки дар он ҷо ҳаво то ҳол аз 28-30 дараҷа боло нашудааст. Шояд гумон кунед, ки ин ҳолати муътадили обу ҳаво ба воситаи ҳавосардкунак (кондитсионер) дар ягон бинои муҳташам муяссар шудааст? Бовар намекунед, агар гӯям, ки ин тавр нест ва чунин ҳаво дар зери осмони кушод мавҷуд аст. Аммо чунин ҷой дар шаҳрамон ҳаст ва ман борҳо дар онҷо будаму аз гармии тобистон фирор кардаам…

Қабл аз он, ки нишонии ин мавзеи мақбулро ба шумо гӯям, назари нафаронеро манзуратон мегардонам, ки дар ин ҷо буданд.

— Ҳар тобистон ман қисмати гармтарини рӯзро дар ин ҷо сипарӣ мекунам,- меӯяд бобои Сафар, собиқ корманди ВКД, ки чанд сол пеш ба нафақа баромадааст.

— Агар он рӯз кори заруре надошта бошаму саломатиам низ имкон диҳад, ҳанӯз ҳаво гарм нашуда, ин ҷо меоям ва то қариби пешин ин ҷо мемонаму ду-се газета, аз қабили “Тоҷикистон” ва “Оила”-ро дастрас кардаву мехонам,- мегӯяд ӯ.

— Ман як умр коргари роҳи оҳан будам ва ҳоло нафақагир. Чун хонаам наздик аст, ҳар рӯз ин ҷо меояму дам мегирам, зеро дар хона кондитсионер надорам. Ин ҷо кондитсионери бепулу безарар,-хандида мегӯяд Ҳабибулло Саидов, ки ба қавли худаш “мизоҷи доимии” ин макон аст.

Дар нишастгоҳи дигаре як ҷавони ба донишҷӯ монанде китобу варақҳои худро паҳн карда, бо диққат онҳоро мутолиа мекард. Ба хотири халал нарасонидан ба донишанӯзии вай, оҳиста аз паҳлуяш мегузарам…

Ба фикрам, вақти он расидааст, ки суроға ва асрори ин маконро ба хонанда боз кунам. Ин “биҳишт” гулгашти назди Роҳи оҳан, дар байни ҳайкали устод Айнӣ ва вокзали Роҳи оҳан, дар ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир аст. Асрори ин макон дар он аст, ки атрофи фаввораҳоро чанорҳои калонсоли баланд иҳота карда, аз таъсири ҳавои атроф ва нурҳои офтоб як майдони калонро муҳофизат мекунанд. Ба болои ин, вақте ки фаввора оби сардро ба баландӣ мебарорад, дар навбати худ ин об ҳаворо сард мекунад. Чун чанорҳо баланд ва ба ҳам наздиканду хислати фурӯ бурдани нурҳои сӯзони офтобро доранд, дар ин ҷо як микроклимати алоҳидае пайдо мешавад, ки онро аз иқлими умумии дар шаҳр мавҷуда ҷудо мекунад. Ин аст асрори сардии ҳаво дар “Боғи Садбарг”…

А. АҲМАДЗОДА,

сокини Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *