Бо ҳич гуна таҳрим наметавон пеши роҳи Русияро гирифт!
Президенти Украина гуфт, ки таҳримҳои ҷорӣ кардаи зидди Русия кофӣ нестанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки Украина танҳо мондааст.
Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёми видеоӣ нашр кард, ки дар он изҳор дошт, ки қудратҳои ҷаҳонӣ вазъро аз дур назорат мекунанд ва таҳримҳои як рӯз пеш алайҳи Федератсияи Русия кофӣ нестанд.
«Имрӯз ҳам мо дар танҳоӣ аз давлати худ дифоъ мекунем. Мисли дирӯз. Неруҳои тавонои ҷаҳон аз дур нигоҳ мекунанд. Русияро таҳримҳои дирӯза бовар накунонд, ин кам аст»,- гуфт ӯ.
Президенти Русия Владимир Путин субҳи рӯзи 24-уми феврал эълон кард, ки тасмим гирифтааст алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият «амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд».
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки неруҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом надодаанд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Украинаро Вазорати дифоъ рад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ