Бо қаламу бо силоҳ

9 май Рӯзи Ғалабаи артиши Иттифоқи Советӣ бар Олмони фашистӣ аст. Мардуми тоҷик низ ин рӯзро ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн мегиранд, зеро ҳазорон фарзонафарзандони ҷасури миллати мо барои ҳимояи ватани паҳновари хеш сина сипар карда, барои парафшон шудани Парчами СССР дар Рейхстаг саҳм гирифтаанд.

Адибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

9 май Рӯзи Ғалабаи артиши Иттифоқи Советӣ бар Олмони фашистӣ аст. Мардуми тоҷик низ ин рӯзро ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн мегиранд, зеро ҳазорон фарзонафарзандони ҷасури миллати мо барои ҳимояи ватани паҳновари хеш сина сипар карда, барои парафшон шудани Парчами СССР дар Рейхстаг саҳм гирифтаанд. Дар он солҳои пурошӯб дар баробари ҷавонони бонангу ори дигар касбу кор як зумра адибон низ қаламро бо силоҳ иваз карда, баҳри музаффарият мубориза бурданд. Дар ин ҷо аз онҳо ёд мекунем.

Фотеҳ Ниёзӣ (1914 – 1991) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ. Адиби ҷанговар ва ҷангноманавис. Ӯ соли 1941 ба ҷанг меравад ва дар муҳорибаҳои Сталинград иштирок карда, баъдан вазифаи муовини муҳаррири ҳарбии рӯзномаи «Фрунзевец» — ро ба уҳда мегирад.

Саҳнаҳои ҷангии дидаашро дар калонтарин романҳояш «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ҷанг ҳам бо силоҳ ҷангид ва ҳам бо сухан. Соли 1949 баъди хизмати ҳарбӣ ба Душанбе баргашта, дар ҳаёти адабии кишвар саҳм гирифт ва асарҳои марғубе иншо кард. Асарҳои дар мавриди ҷанг навиштааш «Вафо» (1949), «Димаи диловар» (1957), «Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг» (1962), «Одамон ва мулоқотҳо» (1964), «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» (1975) ва «Сарбозони бесилоҳ» (1986), хеле пуртаъсир ҳастанд, зеро ба мавзўи ҷанг бахшида шудаанд.

Сотим Улуғзода (1911-1997) — Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ.  Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ аст. Бо вуҷуди он ки бо айби аз ватан рафтани фарзандаш аз низоме, ки ҳимоят мекард, зарбаҳои ҷонкоҳ хӯрд, асарҳои муҳимтарини адабиёти тоҷик «Восеъ», «Фирдавсӣ», «Қисмати шоир»-ро иншо кард. Аз соли  1941 то тобистони 1944 дар ҷанг буд ва бахши тоҷикӣ ва ӯзбекии  рӯзномаи шоири рус А.Твардовскийро омода мекард. Соли 1944 бо дахолати  Бобоҷон Ғафуров ба ақибгоҳ даъват шуд.  Зеро Б. Ғафуров намехост, ки ӯ чун Ҳ. Карим ва Л. Бузургзода дар ҷанг нобуд шавад. 

Ҳаким Карим (1905 -1942) — нависанда. Дар эҷод намудани ҳикоя ва новеллаҳои реалистӣ моҳир буд.  А. П. Чеховро муаллими адабии худ мешуморид.   Дар адабиёти миллии мо яке аз навоварон аст.  Ҳикояҳои «Бегўш», «Тўҳфа», «Оқшуда», «Атака», «Марги Коволенко» , «Латиф Қутил», «Ҳақиқати талх», «Худписанд», «Ҳикояи духтараки ҷингиламўй», «Хапак», «Не, ту бадбахт набудӣ», «Одам дар халат» далели гуфтаи болост.  Соли 1941 ба таври ихтиёрӣ дар қатори дигар ҷавонони бонанги тоҷик ба сафи Армияи амалкунанда пайваст ва соли 1942 дар задухӯрди бузурги Старая Русса фидокорона ҳалок гардидааст.

Ҳабиб Юсуфӣ (1916 – 1945) – шоир. Аввали соли 1942 ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафта, аввал Омўзишгоҳи ҳарбиро хатм намудааст. Моҳи марти соли 1943 дар рутбаи лейтенант ба сифати фармондеҳи баталёни артиллерӣ ба ҷабҳаи Ленинград фиристода шуд.

Ў дар набардҳои озод кардани Ленинград, ҷумҳуриҳои  Назди Балтик ва Лаҳистон иштирок намуда, дар муҳорибаҳои шадиди назди Варшава сахт маҷрўҳ шуд ва 22-уми феврали соли 1945, ҳамагӣ дувуним моҳ пеш аз пирӯзӣ ҳалок шудааст. Адиби ҷавонмарг шоири навгаро буд. Асари дуҷилдаи «Роҳи нотамом» маҳсули умри кӯтоҳи ӯст. Номи ӯ дар саргаҳи адабиёти навини тоҷик меистад.

Лутфулло Бузургзода (1909 – 1943) —  забоншинос, адабиётшинос ва фолклоршиноси маъруф. Дар омўзиши фарҳанги мардумӣ саҳми арзанда  гузоштааст. Таҳияи матни «Гурӯғлӣ» (соли  1940, бо Мирсаид Миршакар) «Ҳофизи халқ ва шоир Бобо Юнус», «Чистонҳо ва зарбулмасалҳои тоҷикӣ (соли 1941) аз корҳои шоистаи ў мебошанд.

Тадқиқоташ доир ба шӯриши Восеъ низ (соли 1941) ҷолиби диққатанд. Соли 1941 ба ҷабҳа рафт ва дар муҳорибаҳои Маскав, Ленинград ва озодсозии Белоруссия иштирок кардааст. 12 ноябри соли 1943 дар муҳорибаҳои назди  Витебск ҳалок гардид.

Абдушукур Пирмуҳаммадзода (1912 – 1942) – драматург, тарҷумон ва луғатнигор. Бародари Абдусалом Деҳотӣ аст. Фаъолияти эҷодияшро чун драманавис аз миёнаи солҳои 30-юми асри ХХ оғоз бахшидааст. Соли 1935 (дар ҳамқаламии Ғанӣ Абдулло) дар заминаи достони ҳамноми «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ драмаи «Рустаму Суҳроб»-ро таълиф намудааст. Соли 1940 ҳамроҳи драманависи рус В. Волкенштейн шакли дигари ин асарро таълиф мекунад.  Бисёр китобҳои бачагонаро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.  Номаҳои аз фронт унвонии бародараш навиштаи ӯ (маҷаллаи «Шарқи Сурх», 1964) хеле ҷолибу хонданиянд. Моҳи январи соли 1942 дар майдони корзор қаҳрамонона ҳалок шудааст.

Ҳоҷӣ Содиқ (1913 – 1990) – нависанда ва драматург.  Фаъолияти эҷодиашро аз ҳаҷв шурӯъ кардааст. Аз ӯ ҳикоя ва повесту романҳо ҳам ба ёдгор мондааст. Аммо дар миёни инҳо ҳеҷ асараш мисли пйесаи “Интихоби домод” маъруф нашудааст. Соли 1980, замоне ки драматург дар қайди ҳаёт буд, 600-умин намоиши ин асарро бо мухлисонаш тамошо кардааст. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳо роҳбари сиёсӣ ва қумондони ротаи пулемётчиён, иштирокчии муҳорибаи Сталинград будааст. Дар назди Харков захмӣ шудааст. Дар ҳамин муҳориба 23 декабри соли 1942 (маротибаи савум) сахт ярадор шуда, муддате дар госпитал табобат гирифтааст. Моҳи июли соли 1943 аз ҷанг баргашта, ба корҳои ҷамъиятӣ ва эҷодӣ машғул буд. 

Ҳабиб Аҳрорӣ (1913-1983) — тарҷумон, нависанда, луғатсоз. Беҳтарин повесту романҳои машҳури адабиёти ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Шоҳкории Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” низ бо заҳмати вай тоҷикӣ чоп шудааст.  Соли 1942 ба сафи Артиши Сурх пайваста, дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардааст. Соли 1948 баъди бартараф кардани осебҳои ҷанг ба Ватан бармегардад. Ӯ илова ба тарҷума маҷмӯаи ҳикояҳои «Тўйхўрии мўйсафедон»-ро иншо карда, дар мураттабсозӣ ва таҳрири “Луғати русӣ — тоҷикӣ” (1985) ширкат дошт.

Воҳид Асрорӣ (1917-1996) – шоир, тарҷумон ва олими фолклоршинос.  Устод Асрорӣ – пири журналистони тоҷик, ҳама марҳилаҳои ҳаётро тай кардаву танҳо бо заҳмати хорошикан соҳиби шуҳрат шудааст. Замоне ба майдони ҷанги хонумонсӯз сафарбар шуд, ки аввалин шеърҳояш рӯйи чоп медиданд. Ба майдони илм низ бо ҷасорат ворид шуд ва рисолаҳои муҳими «Юсуф Вафо», «Адабиёт ва фолклор»-ро эҷод кард. Ҳикоя, шеър ва повесту романҳоро ба тоҷикӣ тарҷум кардааст. 

Солҳои 1942 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, соли 1944 захмӣ мегардад ва ба ақибгоҳ фиристода мешавад. Асосгузори факултаи журнлаистика дар ДМТ аст.

Раҷаб Амонов (1923 -2002) – адабиётшиноси намоён, фолклоршинос, мунаққид, академик ва нависанда.  «Очерки эҷодиёти даҳанакии Кўлоб» (соли 1963), «Лирикаи халқи тоҷик» (соли 1968) «Адабиёти бачагона» (соли 1982), «Фолклори диёри Рӯдакӣ» (бо ҳамроҳии М. Шукуров, солҳои 1958, 1963), «Афсонаҳои халқи тоҷик» муҳимтарин асарҳои илмии ӯ ҳастанд. Асарҳои бадеиаш «Шарораҳои меҳр» (1983) «Қиссаҳои сари кўҳи баланд» (соли 1990), «Пушаймонӣ» (соли 1993), «Арўс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (соли 1996), «Қиссаҳои диёри чашмасор» (соли 1995), «Ишқи найнавоз» (соли 1996) ба нашр расидаанд. Солҳои 1943- 1945 ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафта, ба муқобили фашистон ҷангидааст.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ (1924 – 2007) – Шоири халқии Тоҷикистон.  Соли  1942  ба Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  рафта,  дар  муҳорибаҳои  Орёл  ва  Витебск  иштирок  намуда,  соли  1944  баъди  захмӣ  шудан  ба Ватан баргашт ва тамоми умр дар бораи ҷанг асар эҷод кард. Достони  «Шаби  пеш  аз  марг» (1965), ки  бо қаҳрамони  Иттифоқи  Шўравӣ Тўйчӣ  Эрйигитов  бахшида  шудааст, қуллаи эҷодиёти адиб дар ҷангноманависӣ мебошад. 

Қурбоналӣ Раҷаб (1925-2018) — шоир ва гурғӯлисаро. Солҳои 1942-1944 дар набардҳои ҶБВ ширкат варзида, баъди захмӣ шудан ба зодгоҳаш баргаштааст. Аз соли 1956 ба шеъргӯйӣ шурӯъ кардааст. Шеърҳои аввалинаш «Порча аз таърихи Кӯлоб» ва «Ҷамъомади бангиён» мебошанд. Солҳои 1962-1963 дар асоси ривояти ӯ ду ҷилди ҳамосаи мардумии «Гурӯғлӣ» сабту чоп шудааст. Дар сабки эҷодиёти шифоҳии мардум шеър мегӯяд. Зиёда аз даҳ китоб нашр намудааст.

Таҳияи

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *