бучет

Бо дастури Ҳукумат андозаи буҷет зиёд мешавад

Бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 ба маблағи 1 млрд сомонӣ бе тағйир додани андозаи касри буҷет зиёд карда мешавад.

Дар ин бора қарори дахлдор имзо шудааст. Дар санад гуфта мешавад, ки қисмати даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ зиёд мешавад.

Кумитаи андоз ба ҷамъ овардани 400 млн сомонии иловагӣ аз ҳисоби пардохтҳои зерин уҳдадор мешавад:

— андоз аз даромад — 135 млн сомонӣ;

— андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ) — 155 млн сомонӣ;

— аксизҳо (дохилӣ) — 30 млн сомонӣ;

— андозҳо барои захираҳои табиӣ — 30 млн сомонӣ;

— воридоти ғайриандозӣ — 50 млн сомонӣ.

Хадамоти гумрук воридоти маблағҳоро ба буҷет иловатан 600 млн сомонӣ зиёд мекунад. Аз ҷумла, аз ҳисоби:

— андоз аз арзиши иловашуда (берунӣ) — 300 млн сомонӣ;

— аксизҳо (берунӣ) — 100 млн сомонӣ;

— боҷҳои гумрукӣ — 200 млн сомонӣ.

Дар санад пешбинӣ шудааст, ки пулҳои ҷамъшуда барои маблағгузории иловагӣ ба соҳаву бахш ва самтҳои зерин равона карда шаванд:

— бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ — 33 млн 146 ҳазор сомонӣ;

— мудофиа — 340 млн сомонӣ;

— мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ — 4 млн 500 ҳазор сомонӣ;

— маориф — 66 млн сомонӣ;

— тандурустӣ — 26 млн сомонӣ;

— фарҳанг ва варзиш — 24 млн 104 ҳазор сомонӣ;

— комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 506 млн 250 ҳазор сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *