Бо дучарха ба ҳаҷ. Саидов солҳо боз ин орзуро дорад

Акбар Саидов ба мисли миллионҳо мусалмон орзуи зиёрати Хонаи Худоро дорад, аммо ӯ мехоҳад маҳз бо дучархаи худ ба он ҷо равад.

Саидов мегӯяд, ки арабҳо сафарашро ба Арабистон дастгирӣ кунанд, «бо худ парчами Тоҷикистон гирифта, ба роҳ мебарояд». Номбурда 58 сол дорад ва аллакай бо дучархаи худ ба Ӯзбекистон сафар карда буд.

Номбурда наздики 15 сол боз ният дорад, ки бо дучарха ба Маккаву Мадина сафар кунад ва барои ин кор ба Кумитаи миллии олимпӣ ҳам муроҷиат карда, вале посухи рад гирифтааст.

Бо вуҷуди ин, Саидов мегӯяд, ки ӯ як ҳадаф дорад ва барои амалӣ шуданаш пушти дари дигар идораҳои дахлдор меравад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *