Бо фармони Президент сохтори коррупсия барҳам мехурад

Ин сохтор бинобар шикоятҳои зиёд ва боз кардани парвандаҳои беасос зидди соҳибкорон барҳам дода мешавад.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизитсон барҳам дода мешавад. Дар ин бора  фармони Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов таҳия шуда истодааст.

Содир Ҷабборов 23 июн дар вохӯрӣ бо соҳибкорон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистонро барои боз кардани парвандаҳои беасос зидди соҳибкорон танқид карда, хабар дод, ки Хадамоти мубориза бо фасоди ин кишвар ба далели шикоятҳои зиёд барҳам дода мешавад. Ин иқдом ба хотири ҳимоят аз соҳибкорон анҷом мешавад.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қирғизистон соли 2011 бо ташаббуси собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев таъсис ёфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *