Боғи Айнӣ кушода шуд!
Рӯзи 6 ноябр бо ширкати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи Боғи навсозишудаи Садриддин Айнӣ дар шимоли шаҳри Душанбе доир шуд.
Дар ҷараёни ин маросим аз муҷассамаи Айнӣ пардабардорӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазир Қоҳир Расулзода сипас дар назди мақбари Айнӣ ба ёди ин Қаҳрамони Тоҷикистон даст ба дуо кушоданд.
Дар ҷараёни навсозӣ мазорҳои шахсиятҳои шинохта Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафиро аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб кӯчонданд.
Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар доираи барномаи таҷдиди боғ «бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ