Бо корд зани ҳомилаашро “ҷарроҳӣ” карду 20 сол маҳбасӣ шуд (аудио)
Суди вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷангазиев Ваҳобҷон Норбоевичро бо моддаи 104, қисми 2, банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.
Гуфта мешавад, ки ӯ санаи 14-уми январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, деҳоти Чашмасор, кӯчаи Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳамсараш Дӯстматова М. Ҳ. дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор гардидану аз ӯ ёрии таъҷилӣ хостан, ӯро бо зудӣ ба таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан намуда, дидаю дониста, ки ин кирдор барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок буда, дар мавриди ҷарроҳии ғайриихтисосӣ оқибатҳои вазнин, яъне фавти ҳамсар ва кӯдак мумкин аст фаро расад, тахминан 04:20 дақиқа бо корди хоҷагӣ шиками ӯро бурида, кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониставу ҳамсараш вафот мекунад.
Бо ҳукми Суди вилояти Суғд Ҷангазиев В. Н. бо моддаи 104, қисми 2, банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори зани ҳомиладор муқаррар менамояд, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ