Бо мошин ба дарс ойи-падаратро аз кор мегиранд!
Бо мошин ба дарс ҳозир шудани фарзанди мансабдорон дар Тоҷикистон метавонад, боиси аз кор сабукдӯш шудани падар гардад. Тибқи тағйироти охире, ки ба Кодекси одоби хидматчиёни давлатӣ ворид шуд, онҳо вазифадор гардидаанд, аз сари чанбараки мошин нишастани фарзанди донишҷӯяшон ҷилавгирӣ кунанд. Ин тағйирот рӯзи 11-уми август аз тарафи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.
Тибқи тағйироти воридшуда мансабдорон ва аъзои оилаашон бояд талаботи қонуни танзимро рияо кунанд ва нагузоранд, ки наздикон мошини хидматиро низ барои манфиати шахсӣ истифода баранд. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо тибқи ин кодекс имкон дорад, мансабдорони давлатӣ аз мақомашон барканор шаванд.
Риояи талаботи қонуни танзим ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои бо мошин ба дарс рафтани фарзанди мансабдоронро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекард. Аммо барои нахустин бор ин талаби раиси ҷумҳур ҳукми қонунро гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ