Бо оби испанд оббозӣ кунем?

Замони кӯдакиамон, агар шамол кашем, бибиам дарҳол моро бо оби испанд оббозӣ доронда, ба бистар мехобонд ва бо кумаки давоҳои халқӣ табобат мекард.

Имрӯз, ки худ модар шудаам, бисёр мехоҳам бо усулҳои санҷидашудаи халқӣ фарзандонамро табобат намоям, вале дар ин бора хеле кам маълумот дорам.

Илтимос, чанд усули халқии табобати шамолкаширо бигӯед, то ки дар ин замони кризис мо худ ва кӯдаконамонро беминнат табобат карда тавонем.

Гулмира, ш. Кӯлоб

Саидҷон Нодирӣ, номзади илмҳои тиб ва табиби мардумӣ фоидаи испандро дар табобати зуком тасдиқ мекунад ва чунин тавсия медиҳад:

Як баста испандро майда реза карда, дар як сатил об 20-25 дақиқа ҷӯшонидан лозим аст. Таввассути дока оби испандро ба тағора рехта, баъди муътадил шудани ҳарорати об худ ё фарзандатонро ба тағораи обдор шинонед. Мабодо об то миён набарояд, ба он каме оби гарм илова намоед, аммо эҳтиёт кунед, ки об аз ҳад сӯзон набошад. Аз оби тағора тавассути обдаста аз китф рехта истодан шарт аст. Баъди дар оби испанд оббозӣ кардан баданро дар оби дигар чайқондан лозим нест. Шумо метавонед оби испанди хунукшударо дар сатил гирифта рӯзи дигар аз нав гарм карда, боз бо ҳамон об оббозӣ кунед. Як баста испандро 4-5 маротиба истифода бурда мешавад. Муолиҷаро бегоҳӣ қабл аз хоб ба ҷо овардан натиҷаи хуб мебахшад.

Пас аз оббозӣ дар оби испанд кафҳои пойро тарбандӣ-компресс кардан лозим аст. Барои ин, шакли кафи пойро дар қоғази шаффофи тунук бурида, ба он асалро тунук мемолед ва ба зери пойҳо часпонда аз болояш ҷӯроб мепӯшед. Субҳи рӯзи дигар онро гирифта партофта, таги пойҳоятонро бо латтаи ширгарми тар пок мекунед.

Метавонед равғани гӯсфанд молед, агар фишори хунатон баланд набошад. Аз равғани дунбаи қӯчқори сиёҳ 400 грамм хомашро маҳмез кунед (ҷазза ҳанӯз зард нашуда, оташро хомӯш кардан лозим аст) ва аз он ҳар рӯз 1-2 қошуқчаашро ба пиёла гирифта, гарм карда, маҳскунон аз нохуни пой то ба шонаҳоятон молед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *