Бо ошиқам ба Русия гурезам?

 Салом ба ҳамаи онҳое, ки қиссаи талхи мани роҳгумкардаро мехонанд!  
Ман Замира, сокини яке аз ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ буда, ошиқам. Ошиқи зори ҷавоне, ки падару модарам ӯро чашми дидан надоранд.

Волидонам баъди хатми синфи 9 маро аз мактаб гирифтанд. Барои он ки дар хона аз зиққӣ торс накафам, дар кошонаи ҳусн ба кор даромадам. Аввалҳо ҳушу ёдам танҳо ба кор банд буд, вале баъд бо амри тақдир бо писари холаи дугонаам шинос шуда, бо як нигоҳ на танҳо дил, балки ақлу ҳушамро ҳам аз даст додам. Умед аз ман шаш сол калон ва бисёр бачаи меҳрубону ширинзабон аст. Вай ҳамчун марди ҳақиқӣ ҳар саҳар маро пешвоз гирифта, бегоҳ то дари хонаамон оварда мемонд, то ки ҳар касу нокас ба ман гап напартояд. Дар бадали як сол мо чунон ба ҳамдигар одат кардем, ки дигар ҳатто як қатра обро бе якдигар хӯрда наметавонистем, вале падару модарам ба нею нестони ман нигоҳ накарда, маро бо як ҷавони дигар номзад карданд. Ҳамон шабу рӯзе, ки маро фотиҳа карданд, Умед дар Русия буд. Ошиқи бечораам ба хотири пули тӯйро кор кардан ба мулки мардум рафта, мехост бо меҳнати ҳалол зиндагиашро обод намояд, аммо аз набудани ӯ истифода бурда, волидони ман ба сари ишқи мо об рехтанд. Баробари шунидани хабари фотиҳа шудани ман Умед дарҳол чиптаи ҳавопаймо харида ба Ватан баргашт. Ҳамон рӯзи аз Маскав омадани ӯ қудоҳо сару пойи маро оварда буданд ва хона пур аз меҳмон буд, вале пайти муносиб ёфта, оҳиста аз дар баромадаму ба мулоқот шитофтам. Гириста-гириста ҳамаашро ба ошиқам фаҳмондам. Умед хомӯшона маро гӯш карда гуфт, ки агар ишқу муҳаббатам самимӣ бошад, то охир мубориза бурда, ҳамроҳаш ба Русия равам.

Ростӣ, дудила шуда, чӣ кор карданамро намедонам. Ба тақдир тан дода ба домоди ёфтаи падару модарам ба шавҳар бароям, то охири умр ҳушам кашоли Умед мемонад, бо ошиқам гурехта ба Русия равам, волидонам дар назди дӯсту душман сархам ва шарманда мешаванд. Сарҳисоби корамро гум кардаам, намедонам кадом роҳро интихоб намоям.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Замира, хонандаи сомона.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *