Бо пора дастгир шудани намояндаи «Қабулгоҳи мардумӣ»
Мақомоти амниятии Ӯзбекистон як намояндаи «Қабулгоҳи мардумӣ»-и президенти Ӯзбекистонро дар вилояти Қашқадарё боздошт карданд. Боздоштшуда аз як соҳибкор пора талаб кардааст.
Намояндаи «Қабулгоҳи мардумӣ»-и президент К.Н. ба як соҳибкори маҳаллӣ ваъда додааст, ки дар ивази 14 ҳазор доллар барояш қитъа замин ҷудо хоҳад кард. Намояндаи «Қабулгоҳи мардумӣ» ҳангоми гирифтани маблағ боздошт шуд.
Дар ҳоли ҳозир нисбати боздоштшуда бо моддаи «Қаллобӣ» ва «Порагирӣ» парванда боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ