Туркманистон: Мӯят накун сиёҳ, ки рӯят шавад сиёҳ
Ба мардоне, ки дар идораҳои давлатии вилояти Лебапи Туркманистон кор мекунанд, дастур шудааст, ки дар остонаи сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин минтақа мӯйсари худро ранг накунанд. Дар ин бора хабаргузории бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.
Рӯзи 4-уми феврал чанд коргари мактабҳои маҳаллӣ, сохторҳои тиббӣ ва идораҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ба ҳамаи мардони аз 40-сола боло таъкид шудааст, ки мӯйи сафеди худро сиёҳ накунанд.
Ба онҳое, ки ин дастурро иҷро намекунанд, гуфта шуд, аз ҳаққи ширкат дар мулоқоти расмӣ бо ҳузури президент маҳрум мешаванд.
Қарор аст, дар наздиктарин фурсат президент ба вилояти Лебап сафари корӣ анҷом диҳад. Ҳеҷ шарҳе дар заминаи ин амр вуҷуд надорад, вале бархе мегӯянд, эҳтимол ин тасмим ба худи Бердимуҳаммадов рабт дорад, ки аз соли 2018 ранг кардани мӯяшро бас кардааст.
Баъди ин мақомот дар пойтахт, шаҳри Ишқобод моҳи августи соли 2018 ба ҳама сартарошхонаҳои маҳалллӣ амр доданд, ки дигар мӯйи сари мардонро ранг накунанд.
Бердимуҳаммадов соли 2006 баъди даргузашти президент Сафармурод Ниёзов раҳбари Туркманистон шуд ва ҳамон замон дида мешуд, ки мӯи сараш мошубиринҷ аст. Баъди ин дар наворҳои телевизиони давлатӣ ӯ бисёр вақт бо мӯйи сари рангшуда ҳозир мешуд. Вале аз соли 2018 ногаҳон аз ин одаташ даст кашид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ