Бо саҳмгузории «Зарафшон» корхонаи иловагии металлургӣ бунёд мешавад
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори корхонаи муштараки «Зарафшон» Жан Яомин масъалаи афзун намудани ҳаҷми истесҳсоли маҳсулот, бунёди корхонаи иловагии металлургӣ, иҷрои уҳдадориҳои корхона ва ташкили ҷойҳои нави кориро баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҷонибҳо дар оғози мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, нақши корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро дар рушди хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент назаррас арзёбӣ намудаанд. Зикр шудааст, ки бо саҳмгузории корхона иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд карда мешаванд.
Директори корхонаи муштараки «Зарафшон» иттилоъ додааст, ки дар корхонаи муштарак наздики 3000 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, корҳо дар самти бунёди корхонаи нави металлургӣ идома дорад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта ворид карда шуда, то охири соли 2023 корхонаи нав пурра барои истифода омода гардад.
Раиси вилоят таъкид кардааст, ки бояд иқтидор ва имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда шуда, давра ба давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва барои коргарони корхона шароити беҳтарин муҳайё карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон» яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ буда, ба истихроҷ ва коркарди тилло машғул мебошад.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ