«Бо салфетка сар мешӯем»: зиндагии сахти 3 маъюб дар Душанбе (видео)
Рӯзи гузашта Гулрухсор Гадоева, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон 13, ки ҳамзамон маъюби гурӯҳи дуюм аст ба идораи сомонаи Pressa.tj омада, аз мушкилоти вазнини зиндагии худ бо модари пиру додари маъюб, ки дар ҳолати бад умр ба сар мебаранд, қисса кард.
Мо ба ҷойи истиқомати ин оила рафтем ва маълум шуд, ки се нафар маъюб дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунанд. Бале, онҳо ҳамагӣ як ҳуҷра доранд, ки тамоми лавозимоти рӯзғодорӣ дар ҳамон ҷо ҷойгир аст. Модар Адолат Якубова, маъюби гурӯҳи якум буда, 307 сомонӣ нафақа мегирад. Духтараш Гулрухсор Гадоева маъюби гурӯҳи дуюм аст, ки нафақааш 180 сомонӣ аст.
Марди хона Гадоев Ҷамшед боша, тамоман кор карда наметавонад. Нафақапулияш 108 сомонӣ мебошад. То ҳол фарзандони ин модар аз набудани шароит хонадор нашудаанд, дар ҳоле ки синну солашон аз 40 ҳам гузаштааст. Модар мегӯяд, дар як ҳавлӣ танҳо ба мо як ҳуҷра аз падарам боқӣ мондааст, ки дар гузашта ин ҷо анҷомхона буд ва ҳоло ҳам ҷойи хоб ва анҷомхонаву ошхонаи мо маҳсуб меёбад. Пойҳои ин занро ду маротиба ҷароҳи карданд. Ҳоло бошад, тамоман роҳ рафта наметавонад. Адолат Якубова дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чандин солҳо ҳамчун фаррош кор кардааст.
Ӯ мегӯяд: “Ман дар Донишгоҳи миллӣ рӯзона 26 аудуторияро тамиз мекардам, духтарам бошад аз хурди ҳамроҳи ман буд ва кӯмакам мекард”. Ҳамчунин, ин зан мегӯяд, ман дар Душанбе ба дунё омадам. Аз хурди дар ҳамин як ҳавлӣ ба воя расидам. 26-сола будам, ки шавҳарам маро партофт. Вақте ки падару модарам зинда буданд, зиндагии ором доштем. Баъд аз марги модару падар аҳваоламон хеле бад шуд. Дар ҳоли ҳозир ин оила ҳатто ҳоҷатхона надоранд. Обро мехаранд. Аз сабабе, ки либояҳояшон равғанолуд нашавад, хӯрок пӯхта наметавонанд ва рӯзгорашонро бо харидану хӯрдани хурокҳои ба монанди калбаса, сметана, хот-док сипарӣ менамоянд. Дар ин ҳавлӣ се оила зиндагӣ мекунанд, ки ҳаққи ин оила танҳо як ҳуҷра аст.
Модар ва фарзандонаш чандин сол мешавад, ки дар ҳамин ҳуҷра зиндагӣ мекунанд ва онҳо хонаро аз миён ба ду тақим карда, дар як тараф анҷомҳояшон ва дар як тарафи тигар худашон хоб мекунанд. Бояд гуфт, ки марди хона Ҷамшед чанд вақт пеш ба мошиншӯйи машғул буд, ки ҳозир дигар кор карда наметавонад. “Дар ҳамин хона ҳарсеи мо шаб хоб мекунем ва хоби ором ҳам надорем. Аз сабаби ҷой танг будан, пойҳоямонро дароз карда наметавонем”,- нақл кард Ҷамшед. Шаб хоби ҳалол надоранд.
Метарсанд, ки дубора девори хона чаппа мешавад. “Як бор деворамон чаппа шуд, агар ба мо ёри намедоданду мо ин деворро аз нав намекардем, аҳволамон бадтар мешуд”.- гуфт духтари хона. Ҳамчунин, хонаи мо муш дорад ва аз фарши хона баъзан картакалос мефтад. Либосҳомонро дар ҳамин хона овезон мекунем, ки хушк шаванд. Баъзан вақт бӯйи нам мегиранд. Гулрухсор Гадоева, ки айни ҳол 41 сол дорад ва боре ҳам оиладор нашудааст.
Ӯ мегӯяд, ман худам модар ва бародарамро нигоҳу бин мекунам. Як ду сомоние, ки меёбам, худам намехӯраму барои онҳо сарф мекунам. Ин оилаи муҳтоҷ аз сабаби надоштани ҷойи саршӯи, баъзан вақт барои шустани баданашон ба ҳаммомҳо мераванд.
Чун модари хона бо сабаби роҳгашта натавонистам дар ҷойи хобаш бо салфеткаи тар худро каме ҳам бошад тоза мекунад. Дар ин росто духтари хона мегӯяд танҳо як орзу дорам: “Рӯзе шаваду дар ҳаммоми худамон таҳорат кунам, зеро дигар шарм мекунам, ки ба хонаи ҳамсояҳо равам”. .
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ