Бо супориши Алишер Мирзонабот ҳама ба ниҳолшинонӣ баромаданд (аудио)

Алишер Мирзонабот якҷо бо роҳбарони сохторҳои ВМКБ дар Мурғоб давоми ду рӯз ниҳолҳои ҳамесабз шинонида, бо баргузории як чорабинии фарҳангӣ дили мардуми ин ноҳияи дурдастро шод намудаанд.

Гуфта мешавад, ки бо супориши Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзҳои 16 ва 17-уми апрел ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ба ин ноҳия сафарбар гардида, ниҳол шинонидаанд.

Тавре мақомоти вилоят хабар додааст, инчунин, дар ин рӯз чорабинии фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ баргузор карда шудаанд. “Сокинони ноҳия хело хурсанд гардиданд ва изҳори миннатдории хешро ба роҳбарияти вилоят барои чунин иқдоми нек баён намуданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Мурғоб яке аз ноҳияҳои дурдасттарини кишвар мебошад. Ноҳия дар баландии 4000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сокинони ин диёр ду миллат — тоҷик ва қирғизро муаррифӣ менамоянд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *