Бо тарконидани худ 200 касро кушту 150 нафарро захмӣ кард

Бо гузашти чаҳор моҳ аз бомбгузории хунин дар фурудгоҳи шаҳри Кобул, мақомоти истихборотии Амрико ҷузъиётеро дар бораи маргталабе ҷамъ овардаанд, ки бо тарконидани худ тақрибан 200 касро кушт. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки бомбгузори маргталаб Абдураҳмон Лугарӣ ном дошта, дар гузашта донишҷӯи бахши муҳандисӣ будааст.

Расонаҳои Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла нашрияи “Ню Йорк Таймс” ба нақл аз мақомоти расмӣ ва амниятӣ навиштаанд, Толибон пас аз тасарруфи Кобул дар рӯзи 15-уми август, Абдураҳмонро бо чанд зиндонии дигар аз зиндон озод кардаанд.

Дар бомбгузории маргталабонаи Абдураҳмон Лугарӣ, ки 11 рӯз баъд, яъне 26-уми август дар назди дарвозаи фурудгоҳи Кобул рух дод, ки камаш 200 нафарро кушта, 150 тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар миёни қурбониён 13 сарбози амрикоӣ ҳам буданд. Ҳалқаи Хуросони гуруҳи ба ном Давлати исломӣ дар он замон масъулияти ҳамлаи маргборро бар уҳда гирифт.

Мақомоти Толибон ёфтаҳои маъмурони амниятии Амрикоро тасдиқ намекунанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 2-уми январ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Аввал инки мо наметавонем, ин иттилоотро таъйид кунем. Фосилаи замонӣ байни шикастани зиндони Багром то ҳамла бисёр кутоҳ буд. Дар ин қадар вақт, як зиндонӣ бо мушкилоти амниятӣ наметавонад, ба таҷҳизот дастрасӣ пайдо кунад. Сипас ҳадафе таъйин кунад ва чунин кореро анҷом диҳад. Шояд таҳқиқ дуруст анҷом нашудааст ва ман намедонам, бар бунёди чӣ, чунин гуфтаанд.”

Расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки Абдураҳмон Лугарӣ барои мақомоти амниятии Амрико дар гузашта ҳам ошно будааст. Ба навиштаи онҳо, СIA ва ё Хадамоти Истихборотии Амрико соли 2017 ба мақомоти истихборотии Ҳинд иттило додааст, ки қарор аст, дар Деҳлӣ як ҳамла рух диҳад.

Ҳинд ҳам пеши роҳи ҳамларо гирифта ва Абдураҳмон Лугариро дар робита ба он дастгир карда, ба Хадамоти Истихборотии Амрико супурдааст. Ӯро ба зиндони Багром ба Афғонистон бурдаанд ва пас аз суқути ҳукумат, Толибон дарҳои Багромро шикаста, Абдураҳмон Лугариро озод кардаанд.

Маъмурони истихборотии Амрико маълум кардаанд, ки Лугарӣ, писари як тоҷири афғон будааст, ки барои тиҷорат ба Ҳинду Покистон рафта меомад. Ӯ соли 2017 барои таҳсил ба Донишгоҳи Манов Рачна дар наздикии Деҳлӣ рафта, дар бахши муҳандисӣ хондааст.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Толибон пас аз тасарруфи Афғонистон 12 ҳазор зиндонӣ аз ҷумла 6 ҳазор Толиб, 1800 аъзои гуруҳи ДОИШ ва 32 узви Ал-Қоидаро аз зиндонҳо озод кардаанд. Бар асоси ин гузориш, Толибон баъди ба даст овардани зиндони Багром Умар Холид Хуросонӣ, яке аз раҳбарони пешини ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ-ро дар ин зиндон куштаанд.

Аммо Толибон гуфтаанд, ки зиндониёни Багромро озод накардаанд. Ба гуфтаи Забеҳулло Муҳоҷид, пеш аз расидани Толибон, дарҳои зиндонро шикаста будаанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки Абдураҳмон Лугарӣ муддатеро дар зиндони Пули Чархӣ ва Багром сипарӣ кардааст, вале маълум нест, ки ӯ чӣ гуна бо ДОИШ дар Кобул иртибот гирифта ва чӣ гуна ба дарвозаи фурудгоҳи Кобул расидааст.

Пас аз ин ҳамла ДОИШ ҳамлаҳои маргбореро дар Кобул, Қундуз ва Қандаҳор анҷом дод. Бо вуҷуди ин ҳама ҳукумати Толибон, ДОИШ-ро хатари бузурге намедонад. Забеҳулло Муҷоҳид сухангӯи Толибон мегӯяд, ки ахиран 700 узви ДОИШ-ро боздошт карда ва монеи ҳамлаҳои бузурги онҳо шудаанд.

Азиз Меъроҷ, як коршиноси амниятӣ мегӯяд, ки хатари ҳамлаҳо аз тарафи ДОИШ кам нест: “Дар Афғонистон хатари доимии ҳамлаҳои ДОИШ вуҷуд дорад, зеро ин гуруҳ дар Афғонистон фаъол аст. Агар Толибон дар баробари ин гуруҳ омодагӣ надошта бошанд ва истихбороти худро фаъол накунанд, идораи хосе барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои ДОИШ надошта бошанд, шояд теъдоди ДОИШ-иён бештар шавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *