Бо веслосипед ба зиёрати қабри Каримов
Ҳусайн Ҳоҷибоев, мӯйсафеди 75-сола аз вилояти Намангони Узбекистон, субҳи 5-уми сентябр савори дучархааш ба зиёрати қабри Ислом Каримов ба самти Самарқанд ҳаракат кардааст.
Айни ҳол вай ба ними роҳ расидааст ва ният дорад, ки то 8-9-уми сентябр дар Самарқанд бошад. Ба гуфтаи Ҳусайн Ҳоҷибоев, вай бояд масофаи 521 километрро аз Намангон то Самарқанд дар 4-5 рӯз тай кунад.Ин пирамард мегӯяд, ки чандин сол ба президенти Узбекистон Ислом Каримов нома навишта, аз вай дархости кумак мекардааст. «Ҳамасола маро бо зодрӯзам, ки 1-уми сентябр аст, табрик мекард. Худаш намеомад, вале ҳокимони маҳаллӣ ба табрики ман меомаданд,» — нақл кард Ҳоҷибоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ