Бо як зарба ошиқашро кушту равонаи зиндон гашт

Муносиботи пинҳонии ду ҷавони оиладор бо марги якеву зиндонӣ шудани дигаре поён ёфт.

 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як ҷавонзанеро бо иттиҳоми куштори ошиқ боздошт кардааст.

Боздоштшуда Дилором Собироваи 28-сола мебошад, ки бо Давлатманд Холови 27-сола муносиботи маҳрамона доштааст.

Ба иттилои манбаъ, Дилором Собирова, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва Давлатманд Холов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ низ соҳиби оила ва ду фарзанд будааст.

Гуфта мешавад, ҳар ду ҷавон муносиботи маҳрамона барқарор намуда, пайваста дар хонаи Холов дидор мекардаанд.

Охирон дидори фоҷиабори ин ду нафар шаби 15 феврал ба поён мерасад.

Дар натиҷаи муноқиша Собирова бо корд як бор ба қафаси синаи ошиқаш зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат мерасонад, гузориш медиҳад ВКД.

Дар натиҷаи бозпурсӣ Собирова изҳор карда, ки дар натиҷаи муноқиша кордро гирифт ва танҳо мехост, ки ошиқашро тарсонад, аммо кор бо куштани ӯ тамом шуд.

Ниҳод сабаби муноқишаи ошиқу маъшуқро шарҳ надодааст.

ВКД мегӯяд, ҳоло нисбати боздоштшуда бо моддаи 104, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки ин моддаи қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *