Бобак Занҷонӣ озод шуд?

“Баргаи шаҳрвандони Эрон” хабар дод, ки Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки бо сабаби аз худ кардани миллирдҳо доллар пули нафти кишвараш ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, гӯё аз зиндон озод шудааст, аммо “Мумтознюс” ин хабарро рад мекунад.

Пайдо шудани хабари озидии Занҷонӣ дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир дар Эрон бино ба сабаби боло рафтани нархи нафт, мардум ба тазоҳурот даст заданд ва дар кишвар нооромӣ идома дорад.

Мудири  кулли созмони зиндонҳои Эрон мавсум ба “Мумтознюс” гуфтааст, ки он ҳама сарусадо ва овозаҳои озодии Занҷонӣ асос надорад ва ӯ феълан дар зиндон буда, интизори ҳукми қатл аст. Додгоҳи Эрон баъди баргардонидани маблағҳои азхудкардаи Занҷонӣ ӯро эъдом хоҳад кард.

Бобак Занҷонӣ дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва авҷи таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ, бо ҳадафи “дур задани таҳримҳо” фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, муттаҳам аст, ки 2.5 миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст. Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Ҳамчунин, хабарҳое ҳам буданд, ки ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтанд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳояш дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *