Бобоҷон Икромов: Айб аст, ки журналист тамаъ ҷӯяд
Ҳамасола санаи 11 март дар кишвари мо “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҷашн гирифта мешавад. Барномаи чорабинӣ ҳамасола якхела: Суханронӣ, табрикоти раиси вилоят ва қадрдонии собиқадорону фаъолони матбуот. Аммо ҳамасола ягон даъвату пешниҳод ё эроде аз ҷониби пирони кор баён мегардад, ки камтар бошад ҳам якрангии чорабиниро рангин мекунад.
Имрӯз, ки дар ошёнаи 12-уми бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил гардид, як пешниҳоди аҷибу саривақтие шунида шуд.
Пеш аз эродшунавӣ собиқадорони соҳаи матбуотро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раис — Баҳодурзода табрик гуфта, номаи табрикотии раиси вилояти Суғдро ироа намуд.
Баъди табрикотро қироат кардани Баҳодурзода, аз ҷониби ӯ ва раиси Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Илҳоми Ҷамолиён, тӯҳфаҳои пулӣ ва нотбукҳо ба журналистони собиқадор ва фаъоли вилоят тақдим гардид.
Дар қисмати ҷамъбастӣ аз ҷониби банда дипломи раиси вилояти Суғд, ки дар пурсиши соли 2019-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Раҷаббой Аҳмадзода, бо гирифтани овози зиёд раиси сол эълон гашт, супурда шуд.
Баъдан адиб ва журналисти саршинси кишвар, Бобоҷон Икромов суханронӣ намуд. Икромов суханони худро аввал аз ҳаҷв ва ба хотир овардани қиссаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти журналистони гузашта оғоз карда, бо эрод аз фаъолияти бисёре аз журнастони кунунии вилоят хотима бахшид. Мафсуф гуфт: Дар рӯзи ид нагӯям мегӯяму боз гӯям намешавад, нагӯям мекафам. Беҳуда қаламро шоҳи ҷаҳон намегӯянд. Аммо афсӯс имрӯз касбияти журналистон коста гардида, баъзе аз онҳо ба ҷои риояи касбият ва навиштани матолиби таҳлилӣ даст ба тамаъкорӣ мезананд. Айб аст вақте мақомоти коррупсия ҳушдор медиҳад, ки дар дастам рӯйихати журнадистоне, ки бо тамаъҷӯӣ машғуланд ҳаст.
Инчунин, Икромов аз он ба ном журналистоне, ки дар нишастҳои хабарӣ ва дигар чорабиниҳои ҳукуматӣ ба қавле “хонахез” мераванд эрод гирифта гуфт: Илтимос ҳамкасбони азиз, ба худ ва ҳамксбони худ, ба қалами худ эҳтиром гузоред. Дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо аз як нашрия, телевизион ва ё сомона якнафарӣ равед. Айб аст охир аз як нашрия оилавӣ меравед. Дар охир Икромов аз котиби матбуотии раиси вилоят Музаффар Юнусов даъват ба амал овард, ки минбаъд дар баргузории нишастҳои матбуотӣ рафтор ва иштироки журналистон танзим карда шавад.
Ҳамчун як журналист аз ҳарсе эроди баёндоштаи Икромов агарчӣ дар рӯзи иди касбӣ буд, шодам. Зеро дар он нишастҳои матбуотие, ки ба қавле “тӯҳфа” дорад, 45-50 нафар ҷамъ мешаванд, ки баъзеяшон аслан журналист нестанд ва “оча-бача”, “додо -духтар”, “хешу хешбача” ҳастанд. Масалан, дар нишасти матбуотии шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и вилояти Суғд вақте иштирок доштам ҳамагӣ 7 нафар бо шумораи наворбардорон будем, ки ҳатто сафи аввал толор пур нашуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд беш аз 50 адад рӯзномаву ҳафтаномаҳо, 17 адад телевизионҳои давлатию хусусӣ, беш аз 10 адад радиоҳо, 6 адад маҷаллаҳо фаъолият мебаранд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ