Бобоҷон Ғафуров чаро тарки мансаб кард?
Бобоҷон Ғафуров бузургтарин симоҳои илмии ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯйҳои доманадор,бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш – тоҷиконро дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ў ( дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби «Тоҷикон», бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мекунад.
Чингиз Айтматов
ЯК СИРИ НОКУШОДА
Ӯро аввал Бобо, баъдтар Бобоҷон ном мебурданд. Аммо рӯзе даррасид, ки роҳбарони ҷумҳурӣ аз гирифтани ин ном ба забон худдорӣ карданд ва даҳон ба шиква кушоданд: «-Бобоҷон нашуда балои ҷон шуд».
Он замон далели ин ҳарфҳоро гуфтани сарварон чун вуҷуди онҳо торик буд. Гузашти вақт нур дар ин зулмот пошид. Тарс, мансаб, набудани ҳувияти миллӣ забони онҳоро дар баёни ҳарфи ҳақ баста буд. Аммо гузашти вақт торикиро рӯшноӣ мебахшад. Ҳарчанд торикӣ ҳам рӯшноиро ба коми худ метавонад фурӯ мебарад.
Миёни китобҳо ва авроқи зардшудаи китобхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар хиёбони Гагарин 8 (ҳоло Тверской)-и шаҳри Маскав чашмам ба маҷаллаи «Огонёк» афтод. Онро варақ мезанам. Тасвири бечораҳолии тоҷикписаре аз забони нахустомӯзгори Хонаи бачагони шаҳри Хуҷанд Э.Ҳасанов. Кӯдаки беҳолу гурусна, чашмонаш фурӯрафтаву урён, ки маҷоли аз ҷой хестан надорад, зери деворе хобидааст. Милитсионер сари ӯро аз замин мебардорад, бо рӯймолча пешониашро пок мекунад ва дар соя гузошта, ба ҳалқаш об мечаконд. Чашмони беҳоли бача боз мешаванд. Пас аз пурсуҷӯй милитсионер бо таассуф мегӯяд: «Ҷои ту ҳам ятимхона будааст». Дар ятимхона муаллим бачаро бардошта, рӯи кат мегузорад ва аз милитсионер нишона ва ному насаби ӯро мепурсад.
— Дар назди роҳи оҳан ёфтам, — мегӯяд дар ҷавоб милитсионер.
Муаллиф Э.Ҳасанов рӯзгори тоҷикписареро ба риштаи тасвир кашида буд. Кӣ будани Э. Ҳасановро ҳамсари академик Бобоҷон Ғафуров бароям ошкор кард. Ӯ маро ғарқи мутолиаи «Огонёк» дарёфт. Оҳиста паҳлуям нишаст ва пурсид:
- Муаллифро шинохтед?
- Не,- гуфтам дар ҷавоб.
- Бобоҷон, намехостанд номашон ошкор шавад,- гуфт ӯ.
Сахтии рӯзгор Бобоҷони 13 — соларо соли 1922 ба оғӯши ятимхонаи Қистакӯз меандозад. Баъдтар ҳангоми суҳбат куҳансолони Исфисору Хуҷанд воқеияти ин ҳикояро тасдиқ карданд. Ятимхона дарвозаи дунёи дигарро ба рӯи Бобоҷон, ки ҷон дар тани ларзони Тоҷикистон мешавад, боз мекунад.
ДАР ИСФИСОР МОРО «АДАШКАН» МЕГУФТАНД
-Мо аслан хуҷандием,- нақл мекунад хоҳари академик Бобоҷон Ғафуров — Зебуннисо. Носозгориҳои рӯзгор моро ба Исфисор овард. Мактаби тоҷикӣ набуд. Дар ибтидо бародарам дар мактаби ӯзбекӣ хонданд. Моро «адашкан» (раҳгумзада) мегуфтанд. Аз ҳамин хотир бародарам хоҳари калониамро ба мактаби русӣ гузоштанд. Дере нагузашта худашон барои таҳсил дар мактаби коммунистии журналистӣ ба шаҳри Маскав рафтанд. Рӯзгорамон вазнин буд. Падарам маъюб, қудрати кор кардан надоштанд. Соли 1932 бародарам ба таътил омаданд. Хонадор шуда буданд. Ман 12-сола, бародарам Олим чорсола будем. «-Ба шумоён вазнин, Тоҷинисою Олимро мебарам», -гуфт бародарам. Модарам чизе нагуфтанд.
-Ба поезд нишастем,- нақл мекунад Тоҷинисо. Барои хӯрок пул надоштем. Гуруснагӣ кашидем. Олим гиря мекард. Дар халтача ғӯлинг доштем. Ҳар куҷо поезд таваққуф мекард, бародарам дар тоқӣ ғӯлинг гирифта мефаромаданд ва бар ивазаш ба мо нон меовард. Ҳамин тавр, ба Маскав расидем. Бародарам дар хобгоҳ мезистанд. Як ҳуҷраи хурдакак доштанд. Гоҳ ҳамроҳи бародарам Бобоҷон ба кӯчаҳои Маскав сайр мебаромадем. Ҳар тоқидореро, ки медидем: «Ана одам» -гуфта фарёд мекашидем. Гӯё бетоқиҳо одам набуданд…
-Дере нагузашта ба сарамон мусибат омад, — нақлашро давом медиҳад Зебуннисо. Бародари 22-солаам Мӯъминҷон вафот кард. Бародари 5-солаам Ҳомидҷон ба об ғарқ шуд. Пойи аком дард мекард, бемор дар шифохона мехуфтаанд. Ба он кас мактуб фиристодем, ки Олимҷону Тоҷинисоро ба деҳа фиристанд. Тоҷинисою Олимҷонро янгаам Лида ба Исфисор овард. Меҳрубон буд янгаам. Кӯча мебаромадем, одамон: «Адашкан урус овардааст», — гуфта масхара мекарданд. Ман русиро намефаҳмидам. Боре мӯи маро бофта, назди ҳавз бурд. Фаҳмам, «ба об нигоҳ кун, чӣ гуна зебо шудаӣ»,- мегуфтааст. Оина надоштем. Оби ҳавз оинаи мо буд. Бародарам бебахт будаанд. Янгаам Лида дар қадаш ҳаштмоҳа фарзанд дошт. Боре аз берун омаду «голова», «голова» гуфт. Мо чизе нафаҳмидем. Падарам русиро медонистанд. Гуфтанд, ки «сарам» мегӯяд. Духтур Манчаловскийро овардем. Фармуд, ки ба духтурхонаи шаҳр барем. Падарам ароба оварданд, янгаамро бор карданд. Ба шаҳр норасида, ҷон дод. Хуб гиристем. Пас аз дафн ба бародарам телеграмма додем. Омаданд. Палтои Лидаро ба чашмашон молида, гиря карданд. Мо ҳам баробарашон гиристем.
СИЛСИЛАЗАВЛОНА
АЗ ЧИНОР ИМОМОВ ТО БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Ибтидои асри бист ба он миқдор фоҷиа ба сари мардуми тоҷик овард, ки дар сӯги он чанд садсолаҳои дигар наслҳои баъдӣ хоҳанд сӯхт. Ҳароси аз мансаб рафтан ва талоши ҷон боиси хиёнат ба ватан кардани қисме аз роҳбарон гашт, ҷасорат тоҷикони ватанпарастро ҷой дар кунҷи зиндон сохт. Чинор Имомов- нахустин роҳбари Тоҷикистон туъмаи дасисаи тоифаи аввал шуд. Ӯ соли 1924 Котиби якуми бюрои ҳизбии Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон таъин мешавад. Таъсиси ҷумҳурии автономӣ ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ самараи талошҳои аз ҷумла фориғтаҳсили мактаби ҳизбии Петербург, донандаи хуби забони русӣ Чинор Имомов буд. Соли 1939 ӯро ба ҷурми миллатпарастӣ ба қатл мерасонанд. Чинор Имомов то анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ аввалин ва охирин тоҷике буд, ки роҳбари аввали Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди ӯ то соли 1930 сарварии КМ ҲК Тоҷикистонро Ҳусейнови озарбойҷонӣ, солҳои 1930-33 Бройдои яҳудӣ, 1937-38 Шадунтси арманӣ, Ўктам Ашўрови ўзбек аз Андиҷон ва то соли 1946 Протопопови рус бар дӯш доштанд.
Бобоҷон Ғафуров шикасти ин силсилазавлонаи гардани халқи тоҷик мегардад. Вале барои расидан ба ин қулла ӯро роҳи дарозе дар пеш буд. Ибтидо силоҳи муборизаи ӯ қалам буд. Мақолаю мазҳакаҳои ӯ бо тахаллуси «Бобоҷони чӯлоқ» кайк дар пӯстини душманон ворид месозад. Ҷасорати рӯзноманигорӣ, истеъдоди публисистӣ, андешарониҳои амиқи ў дар сафаҳоти рӯзномаҳо аз назари роҳбарон пинҳон намондаанд. Моҳи апрели соли 1930 бо тавсияи КМ Тоҷикистон ӯ барои кор ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ба забони ўзбекӣ) фиристода мешавад. Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси мудири шуъба фаъолияти рӯзноманигориашро пеш мебарад.
Соли 1931 ўро барои таҳсил ба Маскав ба Институти умумииттифоқии рӯзноманигорон фиристоданд. Пас аз хатми он, соли 1935 ба Тоҷикистон баргашт. Бобоҷон Ғафуров миёни тоҷикон яке аз аввалин рўзноманигороне буд, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гардида буд.
Ў соли 1935 ҷонишин ва соли 1936 муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» таъин мешавад.
Фориғтаҳсили мактаби коммунистии рӯзноманигорӣ, муҳаррири нашрияи ӯзбекзабон — Бобоҷон Ғафуров чун иддае ба гӯркобӣ не, даст ба зинда сохтани таърихи миллати хеш – тоҷикон мезанад. Вале куҷост, ки моҳи нав бе чарх, ниҳоле бе боғбоне сабз шавад.
Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи мудири шуъбаи матбуоти Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон И. С. Брагинскийро ба худ ҷалб мекунад. Кормандони шуъба ҳама рус, котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Д. З. Протопопов низ рус буд. Сари ҳар қадам нарасидани кадрҳои маҳаллӣ эҳсос мешуд. Ӯ назди Д. З. Протопопов масъала мегузорад, ки будани як нафар тоҷик дар шуъба ҳатмист. Ризоият ҳосил мешавад. Ӯ чун аҷдоди хеш — яҳудиён, ки замоне аз Ховари Миёна фирор намуда, макони зист қалби тоҷикон, пойтахти давлати Сомониён — Бухороро интихоб намуда буданд, эҳтироми хосса ба миллати тоҷик дошт. Иосиф Брагинский аз «Шоҳнома» ва «Абӯмуслимнома»-хонии модари Бобоҷон Ғафуров — Розия Озод лаззат мебурд ва рағбат ба адабиёти тоҷик зоҳир менамуд. Гумон мерафт, ки аз Бобоҷон Ғафуров нависандае ба камол мерасад. Мақолаҳо ва ҳикоёти кӯчаки ӯ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ин далолат мекарданд. Вале Бобоҷон Ғафуров дармеёбад, ки барои фарзанди миллати бостонии аз бунгоҳҳои таърихию фарҳангии худ ҷудогашта таърихнигор будан муҳимтар аст. Аммо ӯ танҳоӣ мекашад. Миллати тӯли ҳазор сол давлатдории хешро аздастдода ҳанӯз ҳам бо шеъру тарона худро таскин медод, ҳарос аз муттаҳидии ҳамсоягону номуттаҳидии хеш дошт, вале ба хотири курсӣ қурси даҳони хешро ба дигарон медод. Онҳое, ки намехостанд ҳақиқати таърих рӯйи об ояду дар Осиёи Марказӣ таҳҷоӣ будани мардуми тоҷикро «собит» кунанд, дар муқобили Бобоҷон Ғафуров ҷанг эълон мекунанд.
Замона чунин буд, ки бе мансабу минбар сухан асар надошт, шамшери аспсаворон бурро буд. Бобоҷон Ғаффуров савори асп мешавад. Соли 1937 мудири шуъбаи матбуот, соли 1941 котиби КМ, майи соли 1945 котиби дуюм интихоб мешавад.
Иосиф Сталин таваҷҷӯҳи хоса ба мардуми тоҷик дошт. Фарҳанги воло ва истеъдоди баланди роҳбарии онҳоро хуб дарк мекард. Ҳанӯз 22 апрели соли 1941 Иосиф Сталин дар нутқи пазиройии иштирокдорони Даҳаи санъати тоҷик дар Кремл гуфта буд:
« Ман мехоҳам дар бораи тоҷикон чанд сухан бигўям.
Тоҷикон мардуми хос мебошанд. Онҳо на ўзбаканд, на қазоқ ва на қирғиз, онҳо тоҷиканд ва аз қадимтарин мардумон дар Осиёи Миёнаанд. Тоҷик-яъне соҳиби тоҷ, онҳоро эрониён чунин меноманд ва тоҷикон ба ин ном сазоворанд.
Аз тамоми халқҳои ғайрируси мусулмон дар ҳудуди Иттиҳоди Шўравӣ, тоҷикон ягона мардуми ғайритурки эронинажод мебошанд. Тоҷикон мардуме мебошанд, ки шоири бузург Фирдавсиро ба вуҷуд овардаанд, суннатҳои маданӣ ва фарҳангии худро асосан аз ў гирифтаанд. Шумо бояд дар ҷараёни даҳа эҳсос кардаед, ки тоҷикон истеъдоди ҳунарии амиқ доранд, маданияти бостонӣ ва нафосати хосси ҳунарии онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақсашон зуҳур мекунад. Баъзан рафиқони рус тоҷикро бо ўзбак, ўзбакро бо туркман ва арманиро бо гурҷӣ омехта мекунанд. Албатта, ин нодуруст аст. Тоҷикон мардуме хос бо фарҳанги бостонӣ ва азимеанд, ки ояндаи бузурге хоҳанд дошт. Онҳоро дар ин кор бояд тамоми халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ ёрӣ кунад. Ман мехоҳам, ки ба санъати онҳо ҳамаҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ман барои шукуфойӣ ва рушди санъати тоҷик, халқи тоҷик ва барои он ки мо, москвагиҳо хамеша омодаи ёрӣ кардан ба онҳо бошем, қадаҳ мебардорам».
Сталин дастур медиҳад, ки дар Тоҷикистон сарвари сиёсиро ба тоҷики маҳаллӣ иваз намоянд ва пешниҳод намуд, ки ба ин вазифа шахси дорои маърифати баланди илмӣ, фарҳангию дорои истеъдоди баланди роҳбарӣ пешбарӣ шавад. Ин шахс бояд тавонад мардумро муттаҳид созад, сарвари ҳақиқӣ бошад, манфиатҳои тамоми халқи тољикро ҳимоят намояд.
Дар он замон ягона шахсе, ки ба ин талабот метавонист ҷавобгӯй бошад, котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров буд. Ў бо як овоз Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардид.
Акнун мубориза дар сатҳи дигар, шиддати бештар пайдо мекунад. Таҳриф ва мубориза барои ҳақиқати таърих шиддат мегирад.
Шариф Ҳамдампур
(Давомаш дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» )
https://www.facebook.com/khamdampur/posts/2302482433113070
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ