Бобоҷон Ғафуров: Даврон 11 корд ба шиками ҳамсараш зад

Даврон дар пеши чашми кӯдаконаш ҳамсари дӯстдоштааш Заринаро 11 корд зада, ҷисмашро пора-пора кард

 Зан-барраи қурбонӣ?!

Ин ҳодисаи даҳшатнок ҳамагӣ чанд рӯз пеш, санаи 27-уми апрел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, ҳамаро ба даҳшат овард. Шумхабари ҳамсарашро 11 корд задани ин марди 40- сола на танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, балки дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд низ даҳон ба даҳони мардум мегашт. Ҳар кас сабаби ин воқеаи риққатовар, даҳшатангез ва боварнакарданиро ба таври худ маънидод карда, шарҳ медод. Сару садоҳои зиёди дар байни мардум дар бораи ин рӯйдоди басо гӯшхарош пайдошуда моро ба он водор намуданд, ки ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, бо пайвандони марҳум ҳамсуҳбат шавем ва сабаби ин куштори ваҳшатнокро аз эшон пурсон шавем…

Таксист:

Фақат мардро гунаҳкор накунед….

Азбаски дар идора моро боз чанд кори дигар интизор буд, қарор додем, ки бо таксӣ меравем, то зудтар баргашта, аз паси ҳалли дигар мушкилоти худ шавем. Ронанда, марди тахминан 30-35- солаи ҷиддӣ ва ботамкин чашмашро аз роҳ намеканд, мусофири дар паҳлӯяш нишаста, ҷавони 22-25-сола низ сар ба сукут, дар дарёи андешаҳои худ ғарқ буд ва ба даҳонаш об гирифтагӣ барин, чизе намегуфт, бо мақсади шикастани ин хомӯшии  дилгиркунанда пурсидам:

-Шумо ҳамон келинчаки куштагиро мешинохтед?

-Шумо хешу табораш ҳастед ё корманди мақомот?-Бо шубҳа ба ман нигариста пурсид ронанда.

-На ину на он, ман  журналист ҳастам, барои сабаби ҳамин ҳодисаро навиштан ба хонаи марҳум рафта истодаам,-гуфтам дар ҷавоб.

-Журналист, ки бошед, аз шумо як илтимос, вақте дар бораи чунин ҳодисаҳо менависед, танҳо мардро гунаҳкор накунед. Таҳлил кунед, ки барои чӣ ҳамон мард ҳамсарашро, модари фарзандонашро бераҳмона корд зада куштааст, охир одам дарранда нест, ки бе ягон сабаб хуни шахси наздикашро резонад. Одатан баъди марг дар бораи инсон ягон сухани бад намегӯянд ва ман ҳам мурдаро ғайбат карданӣ нестам, вале ҷавонзани кушташуда худаш ҳам чандон бегуноҳ нест, агар шавҳари якумашро партофта, ҳамин марди золимро намегирифт, шояд имрӯз дар болои сари фарзандонаш зиндаю саломат мебуд,-андешамандона гуфт ронанда ва лаб газид….

Муҷассамаи ғам

Ронандаи таксӣ моро ба суроғаи лозимӣ расонд ва ба баҳонаи он ки вай боз чанд “заказ”-и дигар дорад, рафт. Азбаски дар кушода буд, касеро садо накарда ба хонаи азодор ворид шудем. Дар рӯи ҳавлӣ занҳои зиёде либоси азодорӣ пӯшида равуо доштанд, дар кунҷи дигар бошад, духтараки тақрибан 17-18 — солае ба девор такя карда менишаст. Ранги духтар мисли девори фарсуда парида, чашмонаш беҳису карахт буданд. Вай ба назар як муҷассамаро мемонд. Муҷассамаи ғаму дард ва тарсу ҳарос. Аён буд, ки духтарак то ҳол аз даҳшати дар пеши чашмонаш ба вуқӯъ пайваста ба худ наомадааст.

Аз дарвоза даромадани моро дида, ҷавонзани тақрибан 30-солае ба истиқболамон қадам гузошт ва моро фотиҳахон гумон карда, ба оғӯш гирифту инону гиряро сар дод. Вай чунон бо алам мегирист, ки нолаҳои зораш ҳатто дили санги хороро об мекард. Дар чашмони банда низ ашк ҳалқа зад ва баъди ба забон овардани чанд ҳарфи тасаллият ва ҳамдардӣ худро муаррифӣ намуда аз ҷавонзан хоҳиш кардам, ки маро ба назди модари марҳум барад.

-Бечора модарам дар ин чанд рӯз аз ғами Заринаи ғӯрамарг ончунон сӯхта обу адо шудааст, ки дигар на маҷоли гап задан дорад ва на роҳ гаштан. Ҳар рӯз сари субҳ хеста то аз ҳуш рафтанаш “во балам” гуфта нола мекунад, баъде, ки аз ҳушу аз мадор рафт, мо ӯро ба хона дароварда мехобонем. Имрӯз ҳам аз гиряву нолаи зиёд аз ҳуш рафтанд, мо ба биниашон сирпиёз дошта, модарамро базӯр ба худ овардем. Ҳоло дар хона дар рӯйи бистари беморӣ хобанд,-оҳи сард кашида гуфт хоҳари марҳум Зарина ва ишорат намуд, ки аз пасаш равем…

Журналист будани моро фаҳмида аламҳои модари фарзандгумкарда аз нав рӯ заданд ва инони гиряро сар дода, зор-зор ба нолидан даромад. Нолаи модар ончунон пурсӯзу гудоз буд, ки  дили кас аз шуниданаш  дар сандуқи сина хун мегирист. Ҷамъи хешу табор, ки омада буданд, то дар чунин рӯзи сахт ғамшарику ғамбардори ин модари ҷигархун бошанд, ҳамраҳаш нолида, марҳум, Заринаи ғуррамаргро бо некӣ ёд мекарданд….

 Аз нақли модар

Домодам-Даврон  дар пеши чашми ду фарзанди ноболиғаш, дар рӯзи рӯшан духтарамро бо корд пора-пора кардааст. Мурдашӯйҳо тану бадани Заринаи ҷавонмарги маро дида, талхакаф шуданд. Ягон ҷояш обод ва бе захм намондааст, шавҳари ваҳшияш ҳатто ба косахонаи сараш корд зада, ҳама аъзои бадани духтарамро кордборон кардааст. Наход одам то ҳамин дараҷа золим бошад, ки модари фарзандонашро ба ин ҳол расонад-а?!-Баъди хеле гириста, дилашро каме холӣ кардан ба нақши ҳодисаи даҳшатангези ба сари фарзандаш омада пардохт модари ҷигарсӯхтаи Заринаи гулгункафан-Мухбира Ғаниева.

-Сабаби даст ба чунин кирдори бераҳмона задани домодатон Даврон дар чист?

-Рашк мекард, оқибат бо рашки бе маъниаш сари духтарамро хӯрд.

-Чаро рашк мекард? Магар ба Зарина бовар надошт?

-Аз бозе, ки духтарам ба ҳамин мардак (Давронро дар назар дорад) расид, ягон рӯзи хушро надид. Даврон худаш ба Зарина ошиқ шуда, оилаи ободи ӯро вайрон кард ва “фарзандонатонро аз фарзандони худам кам намедонам” гӯён, бо қавлу қасам ва ваъдаҳои болохонадор сари духтарамро гаранг карда, ӯро ба занӣ гирифт, вале баъди никоҳ карданашон пӯстинашро чаппа пӯшида, рӯзи духтарамро сиёҳ кард. “Ту фоҳишаю ту ғар” гуфта, мудом духтаракамро бераҳмона мезад ва  ранҷу азоб медод.  Чанд бор гуфтам, ки маъқул набошад, талоқашро деҳ ва рафта зани дигар бигир, вале ин Азроил кана барин ба Зарина часпида, хуни ӯро бераҳмона мемакиду дили аз ӯ ҷудо шудан надошт. Ҳамеша мегуфт, ки мурдаи духтарат аз ман халос нашавад, зиндааш халос намешавад, оқибат корашро кард ноинсоф!

-Гуфтед, ки пештар ҳам домодатон духтаратонро бераҳмона мезад, барои чӣ сари вақт ба мақомот муроҷиат накардед?

-Пештар ҳам чанд бор Даврон қасди куштани духтарамро карда буд. Чор сол пеш, моҳи октябр шавҳараш Заринаро 10 корд задааст. Шарм надошта боз худаш ба мо телефон кард ва девонавор дод зад, ки ман Заринаро куштам, омада мурдаашро баред. Гирёну нолон дар соати якуними шаб чӣ хел то хонаи онҳо рафтам, намедонам.  Духтаракамро дар хун оғушта дида, ҳуш аз сарам парид. Сару рӯйи бачаҳояш, ки яктоаш 6-солаю дуюмаш нав 3-сола буд, пур аз хун буд. Аз тарси он ки мабодо падарашон ин ду тифлаки бегуноҳро ҳам накушад, набераҳоро ба оғӯш гирифта, ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳодам, Заринаи нимҷони дар хун оғуштаро бошад, ҳамсояҳояш ба беморхона бурданд.

 Зани 10 корд хӯрдаро дар 5 рӯз ҷавоб доданду…

Чаро ҳамон вақт шавҳари Заринаро ба ҳабс нагирифтанд?

-Ҳамон шаб Заринаро ба беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд бурдем ва ӯро дар “травмотология” хобонданд. Ба духтурҳо буду шуди ҳодисаро нақл карда, хоҳиш кардем, ки ба милиса хабар диҳанд, то дар палатаи ӯ посбон монанд, чунки шавҳараш қасам хӯрдааст, ки то Заринаро накушад, ором намегирад, вале касе ба гапамон гӯш накард. Даврон ҳар рӯз ба назди духтарам даромада, таҳдид мекардааст, ки агар шикоят кунад, сарашро каллаи гов барин аз танаш ҷудо мекунад.  Намедонам ин мардак (домодашро дар назар дорад) ба духтурҳо чӣ гуфт, ки Заринаи 10- корд хӯрдаро ҳамагӣ баъди 5 рӯз аз беморхона ҷавоб доданд.

-Бемори дар баданаш захми 10 корд бударо дар хона табобат кардед?

-Не, баъди оне, ки духтарамро ҷавоб доданд, мо ӯро ба беморхонаи  ба номи  Зиёбоев бурдем. Зарина дар он ҷо 2 моҳ хобид. Қариб 3 ҳазор доллар сарф карда, ҷони духтарамро аз панҷаи аҷал харидем, вале…

Чаро худи Зарина ё шумо ба мақомот шикоят накардед?

-Шикоят карда будем, аммо рӯзе як муфаттиш ба назди Зарина омад ва захмҳои шумо смертелний нестанд, беҳуда даъвобозӣ накунед” гӯён, духтарамро маҷбур кард, ки аризаи даъвогиашро бигирад. Таҳдид намуд, ки агар аризаатро нагирӣ, шуморо ҳам 30 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунем ё ҳардуятонро бурда маҳкам мекунем. Зарина ба гапи ҳамон муфаттиш даромада, аз даъвояш гузашт ва аризаашро бозпас гирифт. Имрӯз ман танҳо аз домоди бераҳму шафқатам Даврон не, бештар аз ҳамон муфаттиш гиламандам, агар ҳамон вақт вай “аризаатро гир” нагуфта, гунаҳкорро ҷазо медод, шояд Даврон то ҳол дар  паси панҷараю духтари ман дар болои сари фарзандонаш зиндаю саломат мебуд…

-Мегӯянд, ки шавҳараш аз рашк Заринаро бо мошин зада маъюб карда буд, то ки дигар аз хона баромада натавонад…?

Дар ҳақиқат Даврон духтарамро бо мошин зада маъюб карда буд. Бечора духтарам чанд вақт гаваккашон роҳ мегашт. Заринаро хеле табобат кардем, акнун қоматаш каме рост шуда, бе асо роҳ мегаштагӣ шуда буд, ки шавҳари ташнаи хунаш боз қасди ҷони ӯ намуд ва ин дафъа ниҳоли умри духтаракамро бо 11 захми корд решакан кард. Дар одамон заррае раҳму шафқат намонда будааст духтарам, рӯзи сар задани ин ҳодисаи даҳшатнок дар як маҳаллаи калон як одами боақлу боинсоф ёфт нашудааст, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занад. Заринаи аз бахту аз шавҳар наосудаи маро сари вақт ба духтур мебурданд, шояд духтарам мисли дафъаи гузашта зинда мемонд, вале афсӯс…

Маҳина Тӯхтаева, духтари марҳум:

Модарам аз шавҳари хушкардааш пушаймон буд

-Хуб дар ёдам ҳаст, ман 8-сола будам, ки модарам дубора ба шавҳар баромад. Аниқтараш, Даврон сари модари оилаву фарзанддори маро гаранг карда, ӯро аз падарам ҷудо кард ва “ҳарду фарзандашро нигоҳ мекунам” гӯён, зан карда гирифт. Аввалҳо вай аз худ падари ғамхор метарошид, вале меҳрубониаш дер давом накард. Доим миннат карда мегуфт, ки ман ба бачаҳои ту дору харидам, хӯроку шарбат харидам. Падарандарам аввал додарам, баъд маро аз хона ронд, вале ба хотири модарам ман гоҳ-гоҳ онҳоро хабаргирӣ рафта, бо худ “пряник”  ё рулет харида, дастовез мебурдам, то нагӯяд, ки мо нони ӯро мехӯрем. Шавҳари модарам “прияника ба сарам мезанам, ба ман пиво биёр” гӯён, маро маҷбур мекард, ки аз падарам пул гирифта, барои ӯ чизҳои табъи дилашро харида барам,-гузаштаро ба ёд оварда мегӯяд духтари марҳум Зарина-Маҳина Тӯхтаева.

-Муносибати модаратон бо шавҳари наваш чӣ гуна буд?

-Бад, бисёр бад! Модарам Давронро дӯст дошта гирифта бошад ҳам, баъд аз шавҳари ёфтааш сахт пушаймон шуд. Ҳамеша мегуфт, ки ман  то ҳол падари шуморо дӯст медорам, вале ин мардак сарамро гаранг карда, ақламро дуздид, пушаймонам, ки ӯро партофта, ба ин золим расидам. Баъди оне ки шавҳараш ӯро бо мошин зада маъюб кард, модарам ҳамеша гиря карда мегуфт, ки ба умеди ишқу муҳаббат ба ин марди бераҳм ба шавҳар баромада, аз хонаву дари обод, аз саломатӣ ва аз фарзандонам маҳрум шудам, агар вақтро пас гардонида мешуд, ҳеҷ гоҳ ба Даврон намерасидам. Афсӯс мехӯрам, ки ман духтар шуда натавонистам модарамро аз чанголи ин марди золими ташнаи хун наҷот диҳам,  натавонистам пеш аз марг ақаллан як лаҳза рӯйи гарми модарамро дида ба ҳалқаш як қатра об чаконам…

Маҳина инони ихтиёр аз даст дода зор-зор ба нолидан даромад. Духтарак рӯю мӯяшро канда, бо фиғони ҷонкоҳ дар фироқи модари хунинкафан ва ҷавонмаргаш мисли булбули чамангумкарда  менолид.  Дигар ба захмҳои дили пайвандони марҳум намак пошидан нахост, мо бо занҳое, ки ба азо омада буданд, ҳамсуҳбат гаштем.

 Мавҷуда, холаи марҳум:

Хоҳарам аз домодаш қади аҷал метарсид

-Ман ба худораҳматии Зарина хола мешавам ва чор сол боз дар ғами хоҳарзодаам дарун ба дарун месӯхтам, ҷисми пора-пораи Заринаро дида, тамоман хокистар шудам. Шавҳари бераҳмаш бадани ӯро чунон бо корд чок кардааст, ки ҳатто қассоб гӯсфанди қурбониро чунин чок намекунад. Ҷигараш қариб як ваҷаб дӯхтагӣ буд, хунаш вақти дар кафан мондан низ мерафту мерафт…

Зарина ба шумо аз зиндагиаш шиква намекард?

-Ҳоҷати шиква кардан набуд, чунки то чӣ андоза золим будани шӯйи Заринаро ҳама хешу табор ва ҳамсояҳо хуб медонистанд. Аз бозе, ки ҳамин домоди бадзот пайдо шуд, дар хонаи хоҳарам ягон рӯз тинҷию оромӣ набуд.  Ин нохалаф як оиларо дар тарсу ларз нигоҳ медошт. Эҳсос мекардам, ки на танҳо ҷиянам Зарина, балки модараш, яъне хоҳарам низ аз шавҳари ӯ метарсад. Ҳамин ки мошини домодаш пайдо шуд, ба тани хоҳарам ларза меафтид, ки ҳозир боз ягон чизро баҳона карда, Заринаро мезанад. Ман аз давлату ҳукумат як хоҳиш дорам, таноби чунин мардони муштзӯр ва бераҳму шафқатро  сари вақт кашанд, то занҳои бегуноҳ мисли ҷияни бе тақдири ман қурбони ҷаҳли шавҳар гашта, фарзандонашон ятим шуда, дар кӯча бе модар, бе соҳиб ва бе саробон намонанд…

Саломат Домуллоҷонова:

Даврон ҳамсояҳоро ба дод оварда буд!

Ҳамсояи марҳум Заррина-Саломат Домуллоҷонова ба суҳбат ҳамроҳ шуда, чунин гуфт:

Даврон 7-8 сол боз ба ҳамсояам Мухбира домод аст. Солҳои аввал одами хуб менамуд, вале баъдтар вай симои аслиашро нишон дода, рӯзи ҳамаро сиёҳ кард. Аз Даврон на танҳо зан ва аъзои хонаводаи хушдоманаш метарсиданд, балки мо, ҳамсояҳо низ аз ӯ  ҳарос доштем. Вай чунон тез мошин меронд, ки чангу хоки кӯчаро ба фалак мехезонд. Чанд бор гуфтам, ки ҳой Даврон, ин ҷо маҳаллаи одамнишин аст, ин қадар тез мошинатро ҳай накун, мабодо ягон набераамро зада монӣ, гуноҳатро намебахшам, вале вай дар ҷавоб масхараомез хандида, боз ҳамон номаъқулиҳояшро давом медод.

-Ягон бор шоҳиди ҷангу ҷанҷоли Даврон ва ҳамсараш гашта будед? Одатан бо айби кӣ байнашон моҷаро мехест?

-Албатта бо айби Даврон-дия! Рӯзе набуд, ки вай омада занашро дар хонаи модари худаш зада нимкушта накунад. Охирин маротиба омада Заринаро бузкашак карда ба хонааш бурд.

-Чаро Даврон Заринаро ба қавли шумо “бузкашак” карда ба хонааш бурд? Магар вай дилу нияти ба хонаи шавҳараш рафтан надошт?

(Даврон бо фарзандаш)

-Зарина, ки пештар аз шавҳараш шатта ва ҳатто корд хӯрда буд, аз Даврон қади аҷал метарсид ва намехост ба пешвози аҷал равад, вале шавҳараш ӯро маҷбуран кашола карда бурд. Ҳамон рӯз дар хона нишаста будам, ки духтарам даромада, ҳоли Заринаро нақл кард. Даст афшонда гуфтам, ки ин зану шӯ мудом сагу гурба барин ҷангу ҷанҷол мекунанд, кай муносибаташон хуб буд, ки акнун шавад, вале духтарам бо оҳанги тарсу ваҳм гуфт, ки ин дафъа ҷанҷолашон бисёр сахт аст, метарсам, ки шавҳараш ба сари Зарина ягон фалокати азимро наорад.

Ин кор бегоҳӣ шуда буд, саҳар бошад, фаҳмидем, ки Даврон занашро 11 корд зада куштааст. Мурдаи Заринаро ман ва аммаҳояш шустем. Дар тахтапушташ 8 изи корд буд. Аз афташ ҷонаш тангӣ карда, Заринаи берӯзӣ хостааст худро ҳимоя кунад, вале шавҳари золимаш дастони ӯро бо корд буридааст. Бовар кунед, аз дидани ҷисми пора-пора ва дар хуну халаф ғарқи Зарина талхакаф шуда, баъди мурдаро шустан ман ба беморхона афтодам. Ҳоло бо зарби дору базӯр ба по рост истодаам. Худованд чунин рӯзи сахтро ҳатто ба душмани кас нишон надиҳад!

Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Б. Ғафуров-Хуҷанд

 Р/С
И
н куштор яке аз пурмуаммотарин кушторҳои вақтҳои охир дар вилояти Суғд  рӯйдода ба шумор меравад. Овозаю ҳангома ва сару садоҳо дар бораи омилҳои даст ба чунин амали ваҳшиёна задани ин марди 40- сола зиёданд, вале сабаби асосии ҳодисаро касе аниқ гуфта наметавонад. Мо аминем, ки ҳомиёни ҳуқуқ парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта, сабабҳои сар задани ин ҳодисаи хунинро аниқ менамоянд ва қотилро ҷазои сазовор медиҳанд.

                                                                     

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *