Бобоҷон Ширинов дастгир шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дирӯз эълон кард, ки Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодӣ бо гумони қатли ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимова боздошт шудааст.

Бобоҷон Ширинов, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Генерал Ширинов соли 2015 аз ин мақом барканор шуда буд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодисаи куштор шаби 6-уми июни имсол дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.»6-уми июни соли 2018, тахминан соатҳои 22-40, ба беморхонаи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Ятимова Моҳира Аҳлиддиновна, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо ҷароҳатҳои халандаю бурранда дастрас карда шуд, ки аз ҷароҳатҳои бардошташуда ба ҳалокат расидааст», — гуфта шудааст дар иттилоияи ВКД.

Ин  ҷуфт ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуда, суд тарбияи се кӯдакро ба мард дода буд.  Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова ҳарду ҳамдарс буда, соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Пас аз хатми донишгоҳ бо ҳам издивоҷ карданд, вале тафтишот муайян кардааст, дар давоми ду соли баъди аз ҳам пошидани оила даъвоҳои онҳо тамом нашудааст. Дар давоми панҷ моҳи ахир бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарони собиқ сабт шудааст.Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Ин модда аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *