Бобохонов суд шуда, 15 сол гирифт
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бобохонов.Ф –ро дар равон намудани 8 тоҷикистонӣ ба ҷанги Сурия гунаҳкор дониста, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Бобохонов ҳангоми муҳоҷират дар шаҳри Санкт- Петербурги Русия тариқи шабакаҳои интернетии «Одноклассники», «Вайбер» ва «Зелло» бо маводи таблиғотии ташкилоти экстремистию террористии бо ном «Давлати Исломӣ» шинос шуда, онро қабулу ҷонибдорӣ намудааст: “Ӯ аз ҳисоби маблағҳои худаш 8 шаҳрванди Тоҷикистонро барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳайати ин ташкилоти террористӣ ба Сурия равон намудааст”.
Бар асоси қарори суд Бобохонов 15 солро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ