Бод ва чангу ғубор дар назар аст
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шуруъ аз 1 апрел дар ҷумҳурӣ ноустувор шудани вазъи обу ҳаво пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат шабона паст шуда, дар водиҳо ҳарорат 8-10 ва дар шимоли кишвар 10-12 дараҷа ҳарорати ҳаво паст мефарояд. Вазиши боди сахт то 20-25м дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.
Имрӯз, 31 март дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ