Боду ҳавои номусоид дар назар аст

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 11 то 13 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, боридани боронҳои зиёд ва дар баландии 2000 м бориши барф дар назар аст.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, инчунин дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешгӯӣ карда мешавад. Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тоеби марказ эҳтимоли омадани сел дар назар аст. Дар баландии 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.

Имрӯз, 10 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 3-2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.  Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона 7-12 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *