Boeing 767-300 тӯҳфаи солинавии «Тоҷик Эйр»

Ширкати миллии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» бо камоли хушнудӣ оид ба оғози парвозҳои ҳавопаймои нави замонавии Boeing 767 – 300 хабар медиҳад.

Мо аз самими қалб ҳамаи мусофиронро бо ин иқдоми назаррас дар ҳаёти ширкат ва соҳаи авиатсияи ватанӣ табрик менамоем.

Парвозҳои мунтазам дар ҳавопаймои бароҳати Boeing 767–300 дар хатсайрҳои «Тоҷик Эйр» ҳар рӯз иҷро карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки чиптаҳои парвоз дар ҳавопаймоҳои мо барои кӯдакони то синни 5 – сола ройгон ва аз 5 то 12 – сола бо тахфифи 50% пешниҳод карда мешаванд. Ин имтиёз барои сарфаи буҷаи оилавӣ хеле муфид аст.

Аз дидори Шумо дар дохили ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» доимо шодем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *