Бохтар: Қарз аз барқ кам не, беш аз 395 миллион сомонӣ аст

Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қарзи дебитории ҳаққи истифодаи барқ дар маҷмуъ кам не, беш аз 395 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ҷамъи умумии қарзи ҳаққи истифодаи барқ 111 миллион сомонӣ ба аҳолӣ рост меомадааст.

Раҷабалӣ Бояков, сармуҳанди ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ташкилотҳои саноатӣ 4 миллиону 383 ҳазор, хоҷагҳои пахтакор 127 миллион, идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Бохтар 36, соҳаи коммуналӣ 36 миллиону 778 ҳазор, аҳолӣ 111 миллион ва муассисаву идораҳои буҷетӣ 6 миллион сомонӣ қарздор мебошанд. Ӯ афзуд, ки феълан қарзи умумӣ 395 миллиону 279 ҳазору 830 сомониро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки агар ассотсиатсияҳо қарзи хизматрасонии обро пардохт кунанд, қарздории онҳо низ дар назди шабакаҳои барқ ва нозироти андоз пардохт карда мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *