Бохтар: Қарз зам шудаасту кам не
Феълан бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон 8 миллиону 721 ҳазору 700 сомонӣ будааст. Мутаассифона, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ қарз кам не, зам шудааст.
Аз нозироти андози шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки асосан қарзи бештар аз идораҳои давлатӣ аст. Гуфта шуд, ки дар аввали сол бақияи қарз каме бештар аз 7 миллиону 800 ҳазор сомонӣ будааст.
«Корхонаи фаръии давлатии коммуналӣ, корхонаи гулпарвар ва идораи обу канализатсияи шаҳр, ҳар кадоме бештар аз як миллион сомонӣ бақияи қарз доранд. Боз ҳастанд ҷамъияту корхонаҳое, ки аз сари вақт напардохтани андоз имрӯз ба рӯйхати ташкилоту идораҳои қарздор аз андоз ворид шудаанд»,- иттилоъ доданд дар нозироти андоз.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон қариб ба 180 миллион сомонӣ расидааст. Дар аввали сол бақияи қарзи андоз 182 миллиону 700 ҳазор сомонӣ будааст. Давоми панҷ моҳи соли 2022 қарз ба андозаи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ кам шудаасту халос.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ