Бохтар. Қарзи андоз меросист?
Феълан дар шаҳри Бохтар беш аз ҳашт миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз вуҷуд дорад. Аз ҷамъи умумии бақияи қарз бештар аз се миллион сомонӣ ба се корхонаи давлатии худкифо ва боқимонда ба ҷамъияту коргоҳҳои хусусӣ тааллуқ дорад.
Аз нозироти андози шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки то имрӯз бақияи қарзи андоз ба 8 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расидааст. Гуфта шуд, ки бақияи қарз дар семоҳаи аввал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Вале аз ҳисоби се корхонаи асосан худмаблағгузор, КФД Хоҷагии коммуналӣ, КФД Таъмиру истифодабарии иншооти манзилӣ, Корхонаи обу корези шаҳри Бохтар қарз афзудааст.
Бахтиёр Каримов, корманди нозироти андози шаҳри Бохтар гуфт, КФД Хоҷагии коммуналӣ аз андоз 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ӯ афзуд: “Корхонаи обу корез ва КФД Таъмиру истифодабарии иншооти манзилӣ низ қарздоранд, ки дар умум 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аст”.
Аммо дар ҳамин ҳол Зафар Ғиёсов, директори КФД Хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар бар хилофи гуфтаҳои боло иддао кард, ки “корхонаи мо 600 ҳазор не, каме беш аз 200 ҳазор сомонӣ қарз дораду халос. Рақами гуфтаи нозироти андоз дуруст нест!”.
— Соли 2013 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои беҳтар кардани шароити кор ба КФД Хоҷагии коммуналӣ 4 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ кард. Аз ин 2 миллион қарз ва боқимонда грант буд. Ҳоло солона 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарз пардохт мекунем. Аз ҳамин сабаб каме аз андоз қарздор шудем. Аммо қарзи хизматрасонии мо аз аҳолӣ аллакай ба 1 миллион сомонӣ расидааст. Аксари онҳо мегӯянд, роҳҳо ба Русия баста аст ва маблағ надорем”,-афзуд ӯ.
Мувофиқи маълумоти нозироти андоз қарзи Идораи обу корези шаҳри Бохтар аз андоз кам не, 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ мебошад. Аз ин рӯ, чандест, ки суратҳисоби корхона баста буда, музди меҳнати моҳи марти кормандони корхона пардохт нашудааст.
Вале Абдукарим Яров, роҳбари идораи болозикр дар суҳбати телефонӣ гуфт, қарзи корхона аз андоз ба 2 миллион 307 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Ӯ мегӯяд,ин қарз, асосан мерос аз солҳои пеш аст. “Акнун бо нозироти андоз шартнома баста шуд ва ҳар моҳ 400 ҳазор сомонӣ пардохт мекунем”.
Зимнан, иттилоъ дод, ки суратҳисоби корхона кушода шуд, музди меҳнати кормандон дар охири апрел пардохт хоҳад шуд. “Тартиби додани маош дар идораи мо чунин аст”, — гуфт вай.
Аз Раёсати молияи Бохтар гуфтанд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, нақшаи додани маблағ ба КФД Таъмиру истифодабарии иншооти манзилӣ 96 дарсад ба КФД Хоҷагии коммуналӣ сад дарсад таъмин шудааст. Минбаъд низ бо иҷроиши корҳои нақшавӣ дар асоси шарномаи муштарак маблағ ҷудо карда мешавад. Пас, афзудани бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар ва ин ҳам асосан аз ҳисоби се корхонаҳои давлатӣ аз бетаваҷҷуҳӣ ва камфаъолии масъулин вобаста буда метавонад? Бо ҷонок кардани кор ва масъулияти бештар метавон ба мушкилиҳои мавҷуда хотима бахшид, масъулини муҳтарам?
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ