Бохтар: Бақияи қарзи андоз зиёд шуду нақша иҷро нагардид
Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон нақшаи андози моҳи июл пурра иҷро нашудааст. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, бақияи қарз наздики 480 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Изатулло Мансурзода, сардори нозироти андоз дар шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки давоми соли равон нақшаи ҷамъоварии андоз дар маҷмуъ бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 99,7 дарсад иҷро шудааст. Ӯ мегӯяд, ки аз сабаби пурра таъмин нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз ба буҷет, 447 ҳазор сомонӣ кам ворид гардид. Ба таъкиди вай, давоми соли ҷорӣ се намуди андоз — андоз аз даромад 99 дарсад, андоз аз арзиши иловашуда 96 ва андоз аз низомҳои махсуси андозбандӣ 91 дарсад иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ворид карда нашуд.
“Сабаби иҷро нашудани нақшаи андоз — ин камшавии ҳисоб ва пардохти андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби 17 корхонаву ҷамъиятҳои гуногуни андозсупоранда аст. Яке аз ин корхонаҳо КДФ “Обу канализатсияи шаҳри Бохтар” аст. Ҳамчунин, ин корхона бақияи қарзи андозро низ 468 ҳазор сомонӣ зиёд кардааст. Ҳоло дар умум бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар 8 миллиону 332 ҳазор сомонӣ аст”,- афзуд.
Дар ҳамин ҳол, Гулбаҳор Зайнуллоева, сармуҳосиби корхонаи мавриди назар дар суҳбати бидуни сабт гуфт, ки “мо аз нозироти андоз каме бештар аз 1 миллиону 398 ҳазор сомонӣ қарздорем. Боз давоми сол бақияи қарзи андоз 402 ҳазор сомонӣ зиёд шуд”.
Ӯ мегӯяд, ки “мо дар як сол тақрибан 670 ҳазор сомонӣ қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро пардохт мекунем. Боз қариб ҳар рӯз дар қубурҳои об садама мешавад, ки бартараф кардани онҳо бе харҷи маблағ нест. Бо вуҷуди ин баъзе аз аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ҳақи хизмати обрасониро сари вақт пардохт намекунанд”.
“Қарзи умумии ҳақи хизмати обрасонӣ зиёда аз 8 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аст. Аз ин наздики 6 миллиону 75 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ, 1 миллиону 698 ҳазор сомонӣ аз корхонаҳои буҷетӣ ва 861 ҳазор сомонӣ аз кохонаҳои хусусӣ мебошад. Қарз тақрибан аз солҳои 2015 ба ин тараф омада истодааст. Ҳоло барои рӯёнидани қарз ба Суди иқтисодӣ муроҷиат кардаем”,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ