Бохтар ба 6 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз дорад

Дар се моҳи соли 2023 ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар наздики 4 ҳазору 210 нафар муроҷиат кардаанд. Аз ин зиёда аз 1 ҳазору 150 сокин ба марказ омада, боқимонда дар берун аз беморхона хизмати тиббӣ гирифтаанд.

Содиқ Абдуллозода, директори Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар гуфт, ки “ба мо бештар беморони дил муроҷиат мекунанд. Хизматрасонии мо комилан ройгон аст. Ҳоло ба ҷуз сокинони шаҳри Бохтар боз қисман ба шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Кӯшониён ва Левакант хизмат мекунем”.

— Мо 12 нақлиёт дорем, ки панҷ адади он пурра корношоям аст. Ин мошинҳо аз солҳои пешанд. Ҳафт нақлиёти дигар дар хизмати сокинонанд. Танҳо барои сокинони шаҳри Бохтар 13 мошини ёрии таъҷилӣ лозим аст,- афзуд ӯ.

Содиқ Абдуллозода мегӯяд, мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки беасос ёрии таъҷилии тиббӣ дархост мекунанд. Ӯ афзуд, ки дар се моҳи соли равон дар беш аз 20 ҳолат сокинон беасос ва бардурӯғ занг задаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *