Бохтар: Барқ ҲА пардохт НЕ чаро?
Муассисаҳои давлатӣ аз пардохти маблағи барқ саркашӣ мекунанд. Аз ин ҳисоб миллионҳо сомонӣ ҷамъ омадааст. Ин на ба он хотир аст, ки онҳо ин маблағро пардохт кардан намехоҳанд.
Аҳлиддин Шарифзода, сардори Хадамоти фурӯши барқи шабакаҳои барқи Бохтар гуфт, ки ба 1-уми январи соли 2020 қарзи ҳамаи истифодабарандагони неруи барқ ба 77 миллиону 345 ҳазор сомонӣ расидааст.
Мутаассифона, баъзан ташкилоту идораҳои буҷетие, ки дар шаҳри Бохтар ҷойгиранд, дар сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқ мушкилӣ эҷод мекунанд,- мегӯяд ӯ. — “Боло бурдани нархи барқ ба 17 дарсад, норасоии маблағ дар суратҳисоби ташкилоту идораҳои буҷетӣ барои пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, аз сабабҳои асосии афзудани қарздорӣ дар Бохтар унвон мешавад”, — афзуд номбурда.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо бинобар мушкилиҳои зикргардида соли 2019 нақшаи пардохти ҳаққи истифодаи барқ ҳамагӣ 30 дарсад иҷро гардидаасту халос. Барои сари вақт рӯёнидани маблағ бо аризаи даъвогӣ ба мақомоти прокуратура муроҷиат кардаем, аммо ин бенатиҷа монд.
— Имрӯз зиёда аз 130 ташкилоту муассисаҳои тиҷоратӣ, буҷетӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатие, ки дар шаҳри Бохтар ҷойгиранд, аз ҳазор то 500 ҳазор сомонӣ аз истифодаи неруи барқ қарздоранд. Қарзи Муассисаи давлатии коммуналӣ чароғонкунӣ ва ороишӣ бошад, имрӯз аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳам гузаштааст. Аммо муассисаи мазкур дар соли 2019 барои истифодаи қувваи барқ ягон сомонӣ пардохт накардааст, — мегӯяд А. Шарифзода.
Дар ҳамин ҳол, Миралишоҳ Сайфиддин, директори Муассисаи давлатии коммуналӣ чароғонкунӣ ва ороишии шаҳри Бохтар, бо тасдиқи ин гуфтаҳо сабаби пардохт нашудани ҳаққи истифодаи барқро аз ҷониби муассисаи мазкур чунин иброз медорад: “Дар ҳақиқат соли 2019 барои истифодаи қуваи барқ ба шабакаҳои барқи шаҳр тамоман маблағ пардохт накардаем. Чунки аз буҷети маҳаллӣ ба идораи мо маблағ ҷудо накарда буданд. Ин қарздории мо аз сол 2017 инҷониб идома дорад”.
Миралишоҳ Сайфиддин, мегӯяд дар соли 2020 дар буҷети маҳаллӣ ба хотири сари вақт пардохт кардани ҳаққи истифодаи неруи барқ барои ҳар моҳ то 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
-Дар ин баробар қариб, ки пурра ҳисобкунакҳои муосир насб кардаем, ки ин ҳам ба сари вақт пардохт шудани маблағи барқи истифодашуда мусоидат мекунад, — гуфт ӯ ва илова кард, ки мо имкони якуякбора пардохт намудани 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарзҳои чандинсоларо надорем. Вале кӯшиш мекунем, ки қарзи истифодаи барқро марҳила ба марҳила пардохт намоем.
Бинобар маълумотҳои Иззатуллозода Муҳибулло, сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар, соли 2019 барои пардохи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ташкилоту муассисаиҳои буҷетии шаҳр ҳамагӣ 337 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Бинобар ин, дар ин давра қарздории ташкилоту идораҳо дар назди шабакаҳои барқи Бохтар афзоиш ёфт. Дар соли 2020 бошад, барои пардохти барқ аз буҷет 750 ҳазор сомонӣ, яъне 40 дарсад нисбати соли гузашта зиёд ба нақша гирифта шудааст. Барои пардохти маблағи истифодаи барқи Муассисаи давлатии коммуналӣ чароғонкунӣ ва ороишӣ бошад, беш аз 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
— Дар соли 2019 ба ин муассиса барои пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ тамоман маблағ дода нашудааст, — иброз дошт дар суҳбат бо мо Иззатуллозода Муҳибулло. Агар давоми сол барзиёдии қисми даромад таъмин гардад, имкони ҷудо кардани маблағ ба ташкилоту идораҳои буҷетӣ барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ мавҷуд аст. Аммо ҷудо намудани маблағҳо барои пардохти истифодаи неруи барқи ташкилотҳои шаҳрӣ аз раиси тозатаъини шаҳри Бохтар низ вобастагӣ дорад, зеро ин гуна маблағҳои иловагӣ дар асоси қарори раисон ҷудо карда мешавад.
Қурбон Шодиев, сармуҳосиби Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар, изҳор медорад, ки дар беморхона давоми як моҳи зимистон маблағи истифодаи барқ то ба даҳ ҳазор сомонӣ мерасад. Аммо дар ин давра барои се моҳ ҳамагӣ даҳ ҳазор ҷудо мешаваду халос. Ӯ гуфт имрӯз қарзи беморхонаи марказӣ аз истифодаи барқ ба 400 ҳазор сомонӣ расидааст. Қарзи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Қурбон Шодиев, бо маблағе, ки солона аз буҷети маҳаллӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ихтисос дода мешавад, пардохти қарзҳо тамоман ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳи бартараф намудани қарзи беморхонаи марказӣ аз истифодаи барқ ин бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ асту халос. Вагарна, як рӯз барқи беморхонаро хомӯш карданд, мо маҷбур шудем, ки аз дигар ҳисоб ҳашт ҳазор сомонӣ ба шабакаҳои барқ пардохт намоем, — афзуд вай.
Яке аз мушкили асосии соҳаи энергетикаи кишвар ҷамъоварии маблағи барқи додашуда ба аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат гуфта мешавад. Бинобар ин, аз сабаби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии маблағи барқ имрӯзҳо таъмири трансформатор, иваз кардани симчӯбу хатҳои он, кашидани хати барқ ба деҳаҳои навбунёд ва боз бартараф кардани ҳазору як мушкилӣ соҳаи барқ чӣ гуна бартараф карда шавад? Пардохти қарз масъалаест, ки масъулони идораву ташкилотҳо ва аҳолии аз истифодаи барқ қарздорро водор ба андеша намояд.
Машраби Аловиддин,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ