Бохтар: Беш аз 600000 сомонӣ ҳаққи хизматрасонии об пардохт нашудааст. Чаро?
Қарзи ташкилоту идораҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва қисман ташкилоту аҳолии ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Бохтар аз ҳаққи истифодабарии об дар назди КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри болозикр аз шаш миллион сомонӣ гузаштааст.
Сунаттулои Шералӣ, муовини директори Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки сар карда аз мақомоти маҳаллӣ, беш аз 40 идораву муассиса аз ҳаққи истифодаи об қарздоранд. “Борҳо муроҷиат кардем. Мутаассифона, бештари муштарҳои мо аз пардохти саривақтии хизмати обрасонӣ саркашӣ мекунанд. Ба ҳамин монанд беш аз 90 ташкилоту идораҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҷойгиранд, аз ҳаққи хизматрасонии об солҳо боз қарздоранд”.
Ӯ мегӯяд, ки дар маҷмуъ қарзи ташкилоту аҳолӣ дар назди корхонаи мо зиёда аз 6 миллиону 106 ҳазор сомонӣ аст. “Ба қисме аз аҳолӣ ва ташкилоту идораҳои ноҳияи Кӯшониён мо хизматрасонӣ мекунем”,-афзуд вай.
Ба таъкиди ӯ, қарзи онҳо ба як миллион сомонӣ наздик шуда истодааст. “Вале қисми бештари муштариҳои мо аз пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонӣ саркашӣ мекунанд”,- мегӯяд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ