Бохтар. Бунёди шаш корхона дар як сол
Дар доираи эълон гардидани паҷнсолаи рушди саноат дар шаҳри Бохтар 17 корхонаи саноатӣ бунёд мешавад. Танҳо дар соли 2024-ум шаш корхонаи сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин бора Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай соли 2024 мувофиқи нақша бояд чор корхона ба истифода дода мешуд. Вале бо тезонидани корҳои сохтмонӣ шаш корхона сохта мавриди истифода қарор гирифт. Ба таъкиди вай баъди ифтитоҳи корхонаҳои мавриди назар наздки 280 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
“Соли 2024 дар 58 коргоҳу корхонаи саноатии шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 330 миллиону 500 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2023-ум 32 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Мо дар оянда ҳам ба афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва ҳам ба ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ диққати ҷиддӣ хоҳем дод”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ