Бохтар: Имкониятҳои рушди сохтмон самаранок истифода мешаванд
Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар иҷрои талаботҳои Қарори ҳайати мушовара аз 6-уми январи соли 2023 «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи соли 2023»-ро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, корҳои зиёдеро иҷро кардааст.
Маълумоти умумӣ
Бино ба иттилои мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода, дар шаш моҳи соли 2023 дар сохтмонҳои шаҳр ҷамъи маблағгузории асосӣ 59632,8 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ бошад, 58125,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи пудратӣ 35088,4 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6688,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2023 ба кор андохтани фондҳои асосӣ 23731,9 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст. Манзилҳои сукунатӣ 7789 метри мураббаъро ташкил намудаанд. Масоҳати умумии шаҳри Бохтар 2457 гектарро ташкил дода, аҳолии он зиёда аз 128 ҳазор нафар мебошад. Мувофиқи нақшаи генералии амалкунанда дар шаҳр 26 маҳаллаи аҳолинишин вуҷуд дорад.
Амалигардии Нақшаи генералии шаҳри Бохтар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, №660 то соли 2035-ум тасдиқ карда шудааст, идома дорад.
Аз иҷозати сохтмон то қабул
Тавре зикр гардид, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба роҳбарӣ мегирад. Талаботҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботу меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ ҶТ 30.01.2018) мавриди амал қарор дода шуда, доир ба ободӣ ва дигаргунии шаҳри Бохтар кўшиш ба харҷ дода мешавад.
Дар асоси шартномаи байни РСА-и шаҳр ва ҶСК «Шаҳрофар» шартнома барои тарҳрезии нақшаи муфассал баста шуда, аз ҷониби фармоишгар (ИСА МИҲД-и шаҳри Бохтар) 100000,0 сомонӣ пардохт карда шудааст. Асосан нақшаи муфассали кўчаҳои протоколии шаҳр идома дорад. Ҷойгиркунии биноҳои ошёнадор дар маҳаллаҳои шаҳр дар мувофиқа бо ҶСК «Шаҳрофар» ба амал бароварда мешавад.
Баҳри амалӣ намудан нақшаи генералии маркази шаҳри Бохтар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №660 аз 30.12.2011) назорати доимӣ бурда мешавад. Банақшагирӣ ва бунёди маҳаллаҳои аҳолинишин ва тарҳрезии онҳо, нақшаи генералии маҳаллаҳои аҳолинишин, системаи ҷойгиркунии биною иншоот, инфрасохтори муҳандисӣ, хатҳои сурх ва танзими иморатсозӣ, балоиҳагирию сохтмони биною иншоот, фаъолияти фармоишгарон ва муносибати онҳо бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилу фаъолияти комиссияҳои қабули биною иншоот, ташкили экспертизаи лоиҳаҳо ва дигар санаду меъёрҳое, ки дар ин соҳа бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд, ба инобат гирифта мешаванд.
Тавре Валиҷон Ятимзода зикр намуд, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Шаҳрофар», ки пудратчии нақшаи генералии шаҳри Бохтар мебошад, оғоз аз соли 2012 ҳама гуна сохтмони биноҳоро дар мувофиқа ба роҳ мемонад.
Ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин меъёрҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби сохтмончӣ ҳатман ба инобат гирифта мешавад. Пайвастшавии биноҳои нав ба хатҳои муҳандисии шаҳр дар асоси шартҳои техникии идораю корхонаҳои дахлдор амалӣ карда мешавад. Иҷозати сохтмон баъди гузаштани лоиҳаи сохтмон аз ташхиси давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ (экспертиза) дода мешавад. Комиссияи шаҳрии қабули биною иншооти сохтмонашон баитмомрасида бевосита онҳоро дар маҳал дида баромада, аз ҷониби комиссияи корӣ сараввал иншоот омода шуда, мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Баъди ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда иншоот ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод карда мешавад.
Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 90 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуда, 8 ададашон дар баррасӣ қарор доштаву ба 82 адади дигарашон ҷавоби мушаххас гардонида шудааст.
Дар давоми 6 моҳи соли 2023 аз тарафи шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар 6 адад қарорҳои раиси шаҳр барои сохтмон дода шудааст.
Аз аввали соли ҷорӣ дар шаҳр озмуни лоиҳаҳои меъморӣ 2 маротиба (пайкараи “Дуои модар” ва Б. Ғафуров) гузаронида шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2023 ба 60 нафар фармоишгари сохтмон супоришҳои меъморию банақшагирӣ дода шудааст, ки аз ин 12 адад барои фаъолияти соҳибкорӣ иҷозат гирифтаанд.
Аз ҷониби шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар 61 иҷозатнома барои корҳои сохтмонӣ дода шудааст.
Тартиби кори комиссияи қабул
Ба гуфтаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода, дар тамоми иншооте, ки барои қабул ба комиссияи корӣ ва комиссияи давлатӣ пешниҳод мегардад, сармеъмори шаҳр иштирок менамояд.
Инчунин, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар кори комиссияи давлатӣ новобаста аз шакли моликият иштирок менамояд.
Интихоби қитъаҳои замин барои ҷойгир намудани шаклҳои хурди меъморӣ ва воситаҳои рекламаҳои беруна дар мувофиқа бо шуъбаи бозрасии автомобилии шаҳр ва бо розигии сармеъмори шаҳр сурат мегирад.
Шаҳодатномаи рангуборкунии бинову иншоот аз ҷониби фармошгар се нусха пешниҳод мегардад ва аз ҷониби сармеъмор мувофиқа карда мешавад.
— То ин давра аз ҷониби шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ санҷишҳо гузаронида шуда, 70 адад огоҳинома оид ба бартараф намудани камбудиҳо дода шудаву дар муҳлати муайян ислоҳ карда шудаанд,- гуфт Валиҷон Ятимзода.
Дар умум, зикр гардид, ки барои татбиқи корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, истифодаи самарабахши ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон, риояи лоиҳа ва санъати меъморӣ дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
М. АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ