Бохтар: Кӯдакистони сӯхташуда кай бозсозӣ мешавад?

Дар муассисаи томактабии рақами 2-и шаҳри Бохтар ҳанӯз 25-уми ноябри соли 2020 сӯхтор сар зада буд. Мувофиқи ваъдаи шаҳрдор, кӯдакистон бояд бо дастгирии соҳибкорон дар муҳлати кӯтоҳ барқарор мешуд, вале корҳои сохтмонӣ соли 2021 оғоз шуда, мутаассифона, ҳанӯз ба охир нарасидаанд.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар ҳанӯз дар нишасти матбуотии 15-уми феврали соли 2021 гуфта буд, ки кӯдакистони сӯхташуда аз буҷети шаҳр барқарор намешавад. Ӯ гуфт, ки муассисаро бо ҷалби соҳибкорон месозанд.

“Ин бино дар рӯйхати иншооти сохташаванда аз буҷети шаҳр ворид нашудааст. Дар амалӣ кардани ин кор соҳибкорон ҷалб мешаванд. Аллакай қисме аз масолеҳи сохтмонӣ оварда шудааст. Барои дубора барқарор кардани ин кӯдакистон тамоми соҳибкорон ҷалб мешаванд. То охири соли 2021 биноро пурра сохта ба истифода медиҳем”,- гуфта буд Сиҷоуддин Саломзода ҳанӯз аввали соли 2021.

Вале ахиран кам не, якбора 500 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар ҷудо карда шуд. Бо вуҷуди ин, семоҳаи аввали соли 2022 баъди чанд рӯзи дигар ба охир мерасад, вале ба истифода додани бинои кӯдакистон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Шаҳрдори Бохтар дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли 2022 ба суоли рӯзномаи “Тоҷикистон” вобаста ба бозсозии кӯдакистони болозикр гуфт: “Сохтмон аз ҳисоби буҷаи шаҳр бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида мешавад. Соли 2021 бо ҷалби соҳибкорон боми бино пӯшонида шуд. Агар норасоии таҷҳизот дар муассиса бошад, аз ҳисоби соҳибкорон харидорӣ мекунем. То ҷашни Наврӯз кӯдакистон ба истифода дода мешавад”.

Комрон Гулов, сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар мегӯяд, баъди ҷудо шудани маблағ аз ҳисоби буҷети шаҳр корҳои барқарорсозӣ дар иншооти сӯхташуда идома дорад.

Баъди сӯхтор дар муассисаи томактабии рақами 2 кӯдакони ин муассиса ба кӯдакистонҳои рақами 9 ва 6 фиристода шуданд. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии болозикр ҷалби кӯдакон аз меъёр зиёд будааст.

Гулрухсор Раҳмонова, мудири муассисаи томактабии рақами 9 гуфт, ки аз зиёд будани кӯдакон дар гузаронидани машғулиятҳо мушкилӣ мекашанд. Ӯ мегӯяд: “Муассисаи мо соли 1986 барои 150 нафар сохта шудааст. Ҳоло 207 кӯдакро ба таълим фаро гирифтаем. Моҳи март муассисаи томактабии рақами 9 ба истифода дода мешудааст. Мо хоҳишмандем, ки баъзе аз кӯдаконро ба онҷо баранд”.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар муассисаи томактабии рақами 2-и шаҳри Бохтар ҳанӯз 25-уми ноябри соли 2020 сар зада буд. Мутаассифона, бо гузашти бештар аз ду сол то ҳол муассисаи мазкур ба истифода дода нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо супориши Роҳбари давлат мақомоти маҳаллӣ вазифадор буданд, ки то охири соли 2021 фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро то ба 30 дарсад расонанд. Феълан дар шаҳри Бохтар фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон каму беш аз 20 дарсадро ташкил мекунад. Вале ин барои шаҳре, ки маркази маъмурии сераҳолитарин вилоят аст, ҳанӯз кам мебошад.

Ба андешаи инҷониб, афзоиш додани шумораи муассисаҳои томактабӣ барои мо мисли обу ҳаво зарур аст. Зеро қадами аввали тарбияи дурусти фарзанд маҳз ба ҳамин муассиса алоқамандии зиёд дорад. Мутасаддиёнро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулият ва ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар камари ҳиммат банданд. Зеро ояндаро аз имрӯз бояд сохт. Ё не?

Машраби АЛОВИДДИН,Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *