Бохтар кай аз партов тоза мешавад?

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло

Дар ин шабу рӯзҳо, ки масъулини шаҳри Бохтар тариқи радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тозагӣ, ободиву шукуфоии шаҳр ҳарф мезананд, баъзе аз маҳаллаҳои шаҳр ба партовгоҳ табдил меёбад.

Ин манзараҳои риққатовар, ки дар акс мебинед, шафати Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Бохтар аст. Кормандони маошхӯри экология — ҳифзи  муҳити зист, корхонаи санитариву эпидемиологӣ ва дигар масъулони дахлдори шаҳри Бохтар чаро ин доғи маркази шаҳри Бохтарро намебинанд?

Дар ин рӯзҳо, ки гармои ҳаво зери 50 дараҷа аст, сокинони Бохтар маҷбуранд дар бӯйи ғализи ин партов зиндагӣ кунанд, вале касеро парвое нест…

Шери ЯЗДОН, шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *