Бохтар: Калонтарин корхонаи саноатӣ аз кор монд

Бузургтарин корхонаи саноатии шаҳри Бохтар — ҶСК “Трансформатор” аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора як манбаъ аз ин коргоҳ ба pressa.tj хабар дод. 

Ба гуфти ин манбаъ, айни замон дар анбори ин корхонаи азими саноатӣ беш аз 290 тародеситор (трансформатор)-и тавлидшуда бехаридор аст.

Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳри Бохтар мегӯяд, сабаб он аст, ки ҶСК “Барқи Тоҷик” шартномаро бо корхонаи ҶСК “Трансформатор” қатъ кард.

“То фаъол будани корхона маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Бохтар ҳар моҳ 120-130 дарсад иҷро мешуд. Мутаассифона, чанд моҳи охир ин нишондод 100-101 дарсад иҷро мегардад”,- меафзояд Афзал Юсуфзода.

Зикр мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 ҶСК “Трансформатор” ба маблағи 15 миллиону 741 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид карда буд. Аммо ин нишондиҳанда дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ то ба 7,4 миллион сомонӣ кам шудааст.

Ба гуфтаи Афзал Юсуфзода, ҶСК “Барқи Тоҷик” аз ҶСК “Трансформатор” 20,3 миллион сомонӣ қарздор аст.

Аз сӯйи дигар, Раҷабалӣ Бояков, роҳбари фаннии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотии ин ниҳод эътироф кардааст, ки ҶСК “Барқи Тоҷик” қарордодашро бо ҶСК “Трансформатор” қатъ кардааст, вале нагуфтааст, ки сабаби қатъи қарордод чист.

Номбурда гуфтааст, ки ҶСК “Трансформатор” аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Бохтар 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

“Аз рӯзе, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» қарордодро бо ҶСК «Трансформатор» қатъ кард, ба «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Бохтар трансформатори нав ворид нагардидааст”,- гуфтааст Раҷабалӣ Бояков.

Мавриди ёдоварист, ки «Трансформатор» дар шаҳри Бохтар замони шуравӣ яке аз азимтарин корхонаҳои тавлиди трансформаторҳо дар Тоҷикистон буд, ки дар он беш аз ҳазор нафар кор мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *