Бохтар: Кормандони милитсия соҳиби хона мешаванд

Дар шаҳри Бохтар барои кормандони мақомоти милитсия як бинои истиқоматии баландошёна бунёд мешавад.

Тавре ки Pressa.tj  хабар ёфт, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба сохтмони ин бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшиданд. Бинои мазкур дар шаҳри Бохтар барои кормандони милитсия пешбинӣ шуда, аз 7 ошёна иборат аст.

Раиси вилояти Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ ба коргарону мутахассисон дастур додаанд, ки ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *