Бохтар: ШМ БМТ ба рушди иқтисодиёти минтақа кумак мерасонад
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ сохтани барномаи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар сохтани фаъолияти бонкҳо, фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди низоми бонкӣ ва расонидани кумаки амалӣ ба рушди иқтисодиёти минтақа равона намуда, давоми 7 моҳи соли 2023 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Сохтори низоми бонкӣ
Бино ба иттилои мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадзода, теъдоди воҳидҳои сохтории низоми бонкии минтақаи Бохтар ба санаи 31-уми июли соли 2023 дар маҷмуъ 69 ададро ташкил дода, аз 1 адад Шуъбаи минтақавии БМТ, 39 адад филиалҳои бонкҳо, 6 адад саридораҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд ва 23 адад филиалҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд иборат мебошад. Дар таркиби воҳидҳои сохтории мазкур иловатан 298 адад марказҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.
— Дар ин маврид қайд менамоем, ки теъдоди кормандони низоми бонкӣ дар минтақа 2 414 нафарро ташкил дод, ки аз ин 34,3%-ро занону бонувон ташкил медиҳанд,- афзуд ӯ.
Зикр гардид, ки марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар ба санаи 31-уми июли соли 2023 ҳамагӣ 51 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 39 адад дар гирду атрофи бозорҳо мебошад (31 адад бозори Фаровон, 7 адад бозори Ҳоҷӣ Шариф ва 1 адад бозори НИХӢ).
Дороиҳо ва уҳдадориҳо
Тавре зикр гардид, ба санаи ҳисоботӣ дороиҳои умумии филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа 2,4 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи cоли қаблӣ 34,1% фоиз афзудааст.
Уҳдадориҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа 1,1 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,8% афзудааст.
Амонатҳо
Амонатҳои умумӣ дар санаи 31-уми июли соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 16,7 фоиз зиёд гардида, маблағи 674,6 млн сомониро ташкил додааст. Фоизҳои миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор дар низоми бонкӣ бо пули миллӣ 12,68 фоизро ташкил додааст.
Қарзҳо
Ба иттилои Фирдавс Самадзода, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа дар 7 моҳи соли 2023 маблағи 1 400,0 млн сомонӣ қарз дода шудааст. Қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 383,0 млн сомонӣ 37,7% зиёд мебошад.
— Бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар гардиш ва рушди иқтисодиёти минтақа иштирок доранд, ба санаи ҳисоботӣ маблағи 1,8 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 43,0% зиёд мебошад. Дар таркиби бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 95,1 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4,9 фоизро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Қобили қайд аст, ки дар таркиби сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа қарзҳои тамдидшуда ва батаъхирафтода 5,6 фоизро ташкил медиҳад,- афзуд ӯ.
Вазъи бозори асъор
Тавре зикр гардид, ба санаи ҳисоботӣ дар қаламрави минтақа 17 адад ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар ҳайати онҳо 219 адад хазинаҳои ивази асъор мебошанд, фаъолият менамоянд.
Воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа аҳолиро бо асъори нақд таъмин намуда, дар 7 моҳи соли 2023 ба мизоҷон маблағи 65,7 млн доллари нақд фурӯхта, аз мизоҷон 1,2 млн доллари нақд харида шудааст.
Нишондиҳандаҳои муомилоти пулӣ
Гуфта шуд, ки барориши пули нақд дар минтақа дар давраи ҳисоботӣ маблағи 224,7 млн сомонӣ ва пулҳои фарсудаи аз муомилот гирифташуда маблағи 49,1 млн сомониро ташкил додааст.
Хизматрасониҳои техникии бонкӣ
Фирдавс Самадзода аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки тайи солҳои охир дар низоми бонкии минтақа шумораи истифодабарандагони кортҳои бонкӣ зиёд шуда истодааст. Ба санаи ҳисоботӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар маҷмуъ зиёда аз 773,8 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,0% зиёд мебошад.
— Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар минтақа аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 305 адад банкомат ва 490 адад терминалҳои электронӣ насб карда шудааст. Бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақа ба санаи 31-уми июли соли 2023 дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 358 адад пос-терминалҳои пардохтӣ ва 3 039 адад QR-рамзҳо насб карда шудааст, ки тавассути онҳо дар давоми 7 моҳи соли 2023 зиёда аз 51,8 ҳазор пардохтҳо ба маблағи 12,5 млн сомонӣ амалиётҳо анҷом дода шудааст,- илова намуд мавсуф.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва барномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмуъ ба маблағи зиёда аз 317,3 млн сомонӣ тавассути 205,4 ҳазор амалиёт пардохтҳои ҳатмӣ тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шудааст.
Тадбирҳо ҷиҳати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ
Бино ба гуфтаи Фирдавс Самадзода, Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар доираи ваколатҳои ҷойдошта дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Вобаста ба ин, санаи 27-уми июли соли 2023 бо ташаббуси Шуъбаи минтақавӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳавии воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа дар бинои Шуъбаи минтақавӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, молия, андоз ва васоити ахбори омма (телевизиони “Тоҷикистон” ва телевизиони “Хатлон”) миёни 140 нафар сокинон, аз ҷумла соҳибкорон ва кормандони соҳаи буҷет семинар-машварат дар шакли рӯнамо оид ба истифодаи дурусти барномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми амалисозии пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ, имконият ва шароитҳои фароҳам овардашуда дар ин самт, афзалият ва бартариятҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва иқдомҳои пешгирифтаи ташкилотҳои қарзӣ, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии мизоҷон ва рушди суръати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ роҳандозӣ гардидаанд, баргузор карда шудааст.
Инчунин, дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон аз санаи 17-уми марти соли ҷорӣ аз ҳисоби сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят ва мудирони бонкҳои дар минтақа фаъолияткунанда таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони тамоми шаҳру ноҳияҳои минтақа, бахусус соҳибкорони хурду бузург дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ситоди корӣ таъсис дода шудааст.
— Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 28-уми июли соли 2023, таҳти №16.3-661/2774 аз ҳисоби кормандони Шуъбаи минтақавӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии минтақа, бахусус КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ва КВД ССБ “Саноатсодиротбонк” таҳти роҳбарии мудири Шуъбаи минтақавӣ ситоди доимоамалкунанда вобаста ба назорат ва ташкили шароити лозима дар самти таъминоти техникӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақа дар самти гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ғайра таъсис дода шуд,- мегӯяд мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадзода.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ