Бохтар: Сохтмони бинои панҷошёна дар Коллеҷи тиббӣ бесобиқа аст

Маъмурияти Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар тасмим гирифтааст, ки бинои барҳавои панҷошёна бунёд кунад. Иншоот дар се соли оянда бо харҷи бештар аз 10 миллион сомонӣ сохта мешавад.

Иброҳим Мусоев, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бино дорои синфхонаҳои таълимӣ, озмоишӣ ва утоқҳои табобатӣ аст. Ӯ афзуд, ки ошёнаи якум маркази ташхисӣ, ошёнаи дуюм 30 кат барои бистарӣ кардани беморон ва ошёнаҳои болои синфхонаи таълимии донишҷӯён мешавад.

«Дар ошёнаи дуюм бештар аз 80 дарсади кат барои табобати беморони қалб нигаронида шудааст”,- афзуд ӯ ва илова кард, ки “нақша дорем муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ барои табобати беморони дилро биёрем. Омӯзгорон дар баробари таълим додани донишҷӯён ба табобати беморон машғул мешаванд. Ҳамчунин, донишҷӯён дар давраи таҳсил аз ташхису табобати беморон ба пуррагӣ огоҳ мешаванд, ки ин барои ояндаи онҳо манфиатовар аст. Баъди хатми коллеҷ онҳо аллакай каме ҳам бошад, дар ташхису табобати бемор таҷриба доранд”.

Иброҳим Мусоев мегӯяд, ки нақшаи сохтмони иншооти мавриди назар дар моҳи августи соли 2020 баъди вохӯрии Роҳбари давлат бо табибон гирифта шуд. Пешвои миллат супориш доданд, ки дар назди коллеҷҳои тиббӣ беморхонаҳо бунёд шаванд, то малакаи касбии донишҷӯён баланд бардошта шавад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ донишҷӯён ба таври зарурӣ ба таҷриба фаро гирифта мешаванд, ки ин албатта дар баланд бардоштани малакаи касбии онҳо мусоидат мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо гузашти бештар аз 30 сол, аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, мутаассифона ҳанӯз як маркази муосиру ҷавобгӯ ба талоботи рӯз барои табобати беморони дил надорад. Бинои феълан фаъолияткунандаи Беморхонаи қалб аз як бинои якошёна иборат буда, ба одитарин талабот ҷавобгӯ нест. Роҳрави танг, утоқҳои кории кам ва надоштани ҷойи мувофиқ барои ташхискунии беморон яке аз аз даҳҳо мушкили ин беморхона аст. Бо вуҷуди ин, аз соли 2013 то ду соли пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар биное ҳамчун Маркази ташхису табобати қалб бунёд мешуд. Вале баъди чанд соли сохтмон ахир бо як қароре онро ба Маркази дандонпизишкӣ иваз карданд. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳам дар охирин нишасти матбуотии хеш гуфта буд, ки “дар ҳақиқат маркази табобати қалб, ки дар марказ фаъолият мекунад, ба ягон талабот ҷавобгӯ нест”. Ӯ иддао карда буд, ки ин марказ ба беморхонаи чашм кӯчонида мешавад. Вале ҳанӯз аз кӯчонидани ин марказ ба беморхонаи чашм дараке нест.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *