Бохтар: Теппаи Қӯрғон бозсозӣ мешавад

Дар назар аст, ки Теппаи-Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар бозсозӣ шавад. Барои амали кардани ин тарҳи муҳим дар соли 2024 ихтисоси 5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ба Pressa.tj маълумот маълумот доданд, ки барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Теппаи Қӯрғон дар соли равон, панҷ миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои расида, барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар панҷ миллион сомонӣ басандагӣ намекунад.
“Ҳоло маълум нест, ки барои бозсозии Теппаи Қӯрғон чимиқдор маблағ лозим аст. Ин дар ояндаи наздик маълум хоҳад шуд. Танҳо барои оғоз кардани кор дар соли 2024-ум панҷ миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаасту халос”,-гуфтан аз Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон.
Рӯзномаи Тоҷикистон аз садамавӣ будани Теппаи Қӯрғон ҳанӯз дар соли 2021 хабар дода буд. Он замон бо дастури Қурбон Ҳакимзода, собиқ раиси вилояти Хатлон гуруҳи корӣ аз вазъи иншооти мавриди назар боздид карда буданд.

Бо вуҷуди ин вазъ ҳеҷ тағийр накард. Дар гузашта аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо рӯзномаи Тоҷикистон гуфта буданд, ки барои бозсозии Теппаи Қӯрғон каму беш 50 миллион сомонӣ лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *