Бохтар: Вазъи Теппаи Қӯрғон торафт бад мешавад
Вазъи Теппаи Қӯрғони шаҳри Бохтар торафт бадтар мешавад. Феълан ин иншооти муҳими фарҳангӣ садамавӣ аст ва мутаассифона, масъулини мақомоти маҳаллӣ барои босзозии иншооти мавриди назар дасти расо надоранд.
Файзулло Баротзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар дар нишасти мутбуотии хеш гуфт, ки “мо аллакай аз Теппаи Қӯрғон дидан кардем. Дар он мавзеъ камбудиҳо ҳастанд”.
Дилшод Муҳаммадҷонзода — муовини шаҳрдор гуфт, ки “барои бозсозии Теппаи Қӯрғон панҷу шаш миллион сомонӣ намерасад. Инҷо маблағи калон лозим аст. Мо ҳамроҳ бо сармеъмор ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири сохтмон мактубҳоро бурдем. Дар сурати дастгирӣ ёфтан, иншоот босозӣ мешавад”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Комрон Гулов — сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар дар як суҳбати алоҳида бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфта буд, ки вазъи Теппаи Қӯрғон торафт бад мешавад. Ба таъкиди вай, иншооти мавриди назар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ