Вазири маориф дар Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ бо имомхатибон мулоқот кард (аудио)

Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода бо имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи вилояти Хатлон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, яке аз масъалаҳои асосии матраҳшаванда дар вохӯрии мазкур муроҷиатномаи омӯзгорон ба фаъолони вилояти Хатлон будааст. Як самти муроҷиатнома, ки ба пешсафони дин алоқамандӣ дошт, ин ҷо мавриди андешаронӣ ва омӯзишу дастурдиҳӣ қарор дода шудааст.

Ҳазамон, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим зимни баромади худ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда, изҳор доштааст, ки “аз намояндагони ташкилотҳои динӣ, руҳониён ва имомхатибон хоҳиш карда мешавад, то дар мавъизаҳои худ вақти муайянеро барои соҳаи маориф ҷудо намуда, зарурати омӯзиши илму фанро ба мардум шарҳ диҳанд. Бахусус, дар бораи савоби сохтани макони илмомӯзӣ (муассисаи таълимӣ), ки насли наврас он ҷо аз нодонию гумроҳӣ наҷот дода мешаванд”.

— Дар ин раванд гуфта шуд, ки аввалин ваҳӣ бо “Иқра” яъне “бихон” сар шудааст. Зарурати омӯзиши илм барои инсон, ки халифаи Худо дар рӯйи замин аст, ҳатмӣ мебошад. Боварӣ ҳаст, ки тавассути панду насиҳат руҳияи мардумро ба самти маориф гароиши мусбат хоҳем дод. Иштирокдорон низ дар навбати худ бо тасдиқи ин гуфтаҳо ва тарафдорӣ аз даъвату пешниҳодоти вазири маориф ва илми кишвар изҳор доштанд, ки дини мубини ислом низ ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи махсус дорад ва ҳамагонро ба омӯзиш роҳнамоӣ месозад. Омӯзиши илму дониш, донишманд кардани насли наврас ва муҳайё намудани шароити илмомӯзӣ кори савоб буда, аз фазилатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *