Бохтар:5 ҳолати риоя нашудани танзим
Соли 2023 дар шаҳри Бохтар 5 ҳолати риоя нашудани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабт шудааст.
Дар бештари маврид қонуншикани дар баргузории туйи арусӣ ва домадӣ ба қайд гирифта шудааст.
Манучеҳр Қодиров, мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки панҷ ҳолати риоя нашудани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вақти баргузории туйи арусӣ ва домоди аст. Ӯ мегӯяд, чанде аз сокинони шаҳр дар додани ду таом, даъвати барзиёди одамон ва риоя накардани вақт ҷарима шудааст.
Манучеҳр Қодиров афзуд, ки давоми соли 2024 як ҳолати риоя нашудани қонуни мавриди назар ба қайд гирифта шуд. Ӯ мегӯяд, дар қаҳвахонаҳои Дилписанди шаҳри Бохтар Муатара Нуралиева, хонандаи мактаби миёна аз ноҳияи Қубодиён бо ҷамъе аз дӯстон зодрӯзашро таҷлил кардааст. Вобаста ба ин ҳолат мо санад тартиб дода ба суди шаҳри Бохтар ирсол кардем.
Саъдулло Мирзоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки мо аз ин масъала огоҳ нестем. «Дар ноҳия 45 ҳазор хонанда дорем. Андак вақт лозим то инро аниқ кунем. То ҳол мо дар ин бора маълумот надорем».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ