Бохти Акмал Муродов: ӯ ҳам аз медалу хона маҳрум шуд…

Акмал Муродов, паҳлавони тоҷик, ки субҳи имрӯз, 27-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 81 кило бар Ҷоштер Эндрю аз Гуам пирӯз шуд, дар даври баъдӣ аз Тато Григалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳои олимпӣ маҳрум гашт.

Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал Муродови 25-сола дар зинаи 53-юм ва Тато Григалашвилии 21-сола дар зинаи 3-юм қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад. Григалашвилии номдору пуртаҷриба барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2021 дар Маҷористон мебошад. Вай имсол, инчунин дар мусобиқаи устодони ҷудо дар Доҳаи Қатар (Doha Masters 2021) ғолиб шуда, дар Tbilisi Grand Slam 2021 медали биринҷӣ гирифтааст. Григалашвили муборизаро барои медали олимпӣ идома хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *