«БОИМ» аз зиндон озод шуд
Дар бораи «Боим” овозхонҳои тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин тарона хондаанд.
Иброҳим Сафаров, мулаққаб ба Боим, яке аз нафарони хеле муътабар дар олами ҷиноии Тоҷикистону Русия, рӯзи 10 октябр аз зиндони Русия озод шуд. Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук чанд видео ва аксҳои раҳо ёфтанаш аз зиндон ва сафараш ба сӯи Маскавро нашр кард. Фарзандони Боим низ бо нашри аксҳои ӯ аз озодии падарашон изҳори шодӣ кардаанд.
Боим соли 2006 дар Русия бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии «Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард. Дар матбуоти Русия ӯро машҳуртарин наркобарони тоҷик ном мебурданд.
Худи Иброҳим Сафаров дар додгоҳ даст доштанаш дар қочоқи маводи мухаддирро рад карда, гуфта буд, ки қурбони «подстава” шудааст.
Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шуда, қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард. Ӯ то боздошташ аз нафарони хеле мӯътабар дар олами ҷиноии Тоҷикистону Русия ба шумор мерафт. Ӯ бо дасти кушод ва саховатмандиаш низ шуҳрат дошт ва аз ҷумла ҳунармандони тоҷикро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекард.Аз ин рӯ, дар бораи «Боим” ҳатто овозхонҳои тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин тарона хондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ